Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

03.05.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ, ки дар қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои Япония - Ёшихиса Курода, Давлати Кувайт - Наваф Абдулазиз ал-Анезӣ, Ҷумҳурии Ироқ - Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавӣ, Португалия - Ҷаноби Бартолу, Ҷумҳурии Кипр - Петрос Кесторас, Венгрия - Имре Ласлотски, Ҷумҳурии Полша    - Мариан Пшездзески, Ҷумҳурии Аргентина – Ҷаноби Саравия, Ҷумҳурии Боливарии  Венесуэла – Давид Карабалло эътимоднома тақдим намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст сафирони навро ба муносибати таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз арзишҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ки асоси онро стратегияи «дарҳои кушода» ташкил медиҳад ва бо ишора ба нишондодҳои паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид дошт: «ҷавҳари  сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ба роҳ мондану таҳким бахшидани ҳамкории фаъолу созанда ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ба мо дўсту хайрхоҳи ҷаҳон, дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар заминаи ҳамкории бисёрҷониба ташкил медиҳад».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Японияро д?сти дерин ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арза дошта, аз сатҳ ва мазмуни муносиботи судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.

Бо ишора ба он, ки равобиту ҳамкории созанда бо кишварҳои араб аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хори?ии Тоҷикистон аст, ба густариши бештари муносиботи ҳасана бо Давлати Кувайт ва Ироқ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон густариши муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, изҳори  боварӣ намуд, ки сафирони нави Португалия,  Ҷумҳурии Кипр,    Венгрия ва   Полша дар ин раванд саҳми намоён мегузоранд.

Бо ишора ба таъин шудани сафири нахустини Ҷумҳурии Аргентина дар Тоҷикистон ва ҳузури сафири Ҷумҳурии Боливарии  Венесуэла таъкид гардид, ки «дар шароити ҷа?они имр?за масофа садди роҳи ?амкорӣ шуда наметавонад». Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «тавассути кўшишҳои муштарак мо метавонем бо кишварҳои амрикоӣ ҳамкории васеъ ва судманд дар арсаҳои гуногун барпо намоем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520