Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ

29.03.2013 16:16, шаҳри Душанбе

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ масоили ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам баррасӣ шуд.

Хонум Наваз Дипу Монӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ба роҳбарият ва мардуми Бангладеш, ки ба хотири фавти роҳбари ин давлат зимни ҳамоиши имрӯза баён намуд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.

Вазири корҳои хориҷии Бангладеш болоравии пайвастаи нуфузи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро намоён номида, ҳавасмандии кишварашро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520