Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Данн

08.04.2013 19:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор дар рафти татбиқ қарор дорад.

Бештар ба масоили омодасозии нақшаи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор барои се соли оянда мароқ зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба идома ва таҳкими ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520