Аз субҳи имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо узви Комиссияи Аврупо, Комиссар оид ба Рушд Андрис Пиебалгс идома ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо аз калонтарин шарикони мададрасони Тоҷикистон аст ва Комиссияи Аврупо дар масири дастгирии рушди устувори кишвари мо нақши намоён дорад”.
Зимни суҳбати созанда доир ба роҳҳои дастгирии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ба рушди энергетика, инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин маорифу тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ нигарондашуда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Андрис Пиебалгс омодагӣ ва ҳавасмандии Комиссияи Аврупоро ба дастгирии Тоҷикистон ба манзури мавқеи стратегӣ ва нақши калидии он дар Осиёи Марказӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки барои татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар мулоқотҳои сершумори сатҳи олии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тайи ин рӯзҳо ҳосил шуданд, ҷаҳд хоҳад кард.