Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Шўрои Аврупо

06.06.2011 13:00, Франсия

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо мулоқоту сўҳбатҳои судманд анҷом медиҳад.

Субҳи имрўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Ягланд мулоқот намуда, ба ў барои даъвати расмиаш ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз куҳантарин сохтори умумиаврупоӣ - Шўрои Аврупо арзи сипос намуд.

Торберн Ягланд дар посух изҳор дошт: “Шумо нахустин роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ мебошед, ба Шўрои Аврупо ташриф овардед ва ин фоли нек аст”

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “натиҷаҳои ин мулоқот дар самти ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсии миёни Тоҷикистону Шўрои Аврупо ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд бо давлатҳои аъзои он қадами тозае хоҳанд шуд”.

Зимни мулоқот атрофи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Дар робита ба раванди демократикунонии ҷомеа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои ин кори на соддаю кўтоҳмуддат қарор дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”. Аз ҷумла зикр гардид, ки “имрўз дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мекунанд, ки панҷтои он дар парлумон намоянда дорад. 404 рўзномаву маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28 тоаш ғайриҳукуматӣ аст, амал мекунад. Шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар ибтидои ба истиқлолият расидани кишвар ҳамагӣ 141 то буд, имрўз ба зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ адад расидааст”.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки “имрўз муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Аврупо марҳилаҳои ба ном “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳои мутақобила ба самти якдигар”-ро паси сар карда, бар асари саъю талошҳои муштарак шаклу мазмуни мушаххасро касб кардаанд”.

ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ишора ба аҳамияти стратегии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии фарогири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ таъкид доштанд.

Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ қарор дорад, барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳалли мушкилоти идоракунии захираҳои обу энергетика, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии Осиёи Марказӣ, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва дигар проблемаҳои мубрами минтақавӣ низ муҳим маънидод шуд.

Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба имзо расид. Ба ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд имзо гузоштанд.

ҳамчунин Эъломияи муштараки ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.

Сипас Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Ягланд нишасти матбуотӣ оростанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он фароху умедбахш арза доштанд.

Торберн Ягланд изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба Шўрои Аврупо ташриф овард. Ў ҳамчунин ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии Шўрои Аврупо ва Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Ягланд даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Нимаи дуюми рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва роҳбарони як қатор кумитаҳо ва дигар сохторҳои он мулоқотҳо анҷом медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520