Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

20.04.2013 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

 «Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари заминларзаи харобиовар дар ҷанубу ғарбии Чинро, ки дар натиҷаи он одамон ҳалок гардидаанд, шунида дар ҳаяҷон ва андуҳгин шудам.

Дар робита ба ин, аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти амиқи худро изҳор дошта, хоҳиш менамоям, ки онро ба оилаҳои ҳалокгардида расонед ва эҳсоси ҳамдардии моро ба зарардидагони натиҷаҳои офати табиӣ қабул доред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520