Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано

24.04.2013 15:41

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот бо пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Италия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол намоям.

Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ рушду густариш пайдо намуда, ба манзури таҳкими дӯстии мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиву муваффақият, ба мардуми Италия - шукуфоӣ ва рифоҳ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520