Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян

21.05.2013 01:09, Чин

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи заминаи сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Чин ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Чжан Дэҷян ба нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои давлатдории мустақили Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: “Нақши шахсии Шумо натанҳо дар барқарорсозии сулҳ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон, балки дар асосгузории давлатдории миллӣ ва рушди иқтисодии кишвар робитаҳои байналмилалии он басо бузург аст”.

Аз рушди бесобиқаи робитаҳои Тоҷикистону Чин, ки тайи солҳои охир дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва илму техника ба назар мерасад ва натиҷаҳои таконбахши сафари кунунии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин арзи хушнудию сарфарозӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ баромадани муносиботи ду кишвар ба таҳкими бештари ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар асоси воқеӣ мегузорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520