Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сухани ифтитоҳӣ дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд

21.05.2013 11:24, шаҳри Душанбе

Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим!
Олиҷанобон роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои ширкаткунанда!
Муҳтарам Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ – Раиси Бонки Исломии Рушд!
Меҳмонони олиқадр!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама мехостам ташрифи шуморо ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд аз номи раҳбарият, Ҳукумат ва мардуми ин сарзамин хайрамақдам гӯям.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе макони баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд гардидааст.

Тоҷикистон чун кишвари омодаи ҳамкориҳои созандаву муассир ва чун мамлакати эътиқодманди усулу асосҳои ҳамгироии исломӣ ҷиҳати татбиқи воқеии ин асосҳо пайваста талош менамояд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро пайгирона пеш мебарад.

Имрӯз ҳамкориҳои мо дар сатҳҳои гуногун бо ҳама мамлакатҳои пешрафта, инчунин кишварҳои дар ҳоли рушд муваффақона идома доранд ва Тоҷикистон омода аст ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои натиҷабахши иқтисодӣ, ки тавонанд амнияту суботро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин кунанд, минбаъд низ саъю талоши бештар намояд.

Бародарони гиромӣ!
Агар ба гузаштаи худ нек назар афканем, хоҳем дид, ки кишварҳои исломӣ дар муддати тӯлонии таърих воқеан василаи муҳимтарини таъмини равобити байниминтақавии иқтисодиву сиёсӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ будаанд ва дар ташаккули таърихии ҷаҳони том ва низоми муосири равобити байналмилалӣ нақши муассир доштаанд.

Ба андешаи ман, омили асосии ин ҷаҳиши таърихӣ дар пайравӣ аз рӯҳи эҷодгарона ва усулу арзишҳои олии ислом, ҳифзи пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ, решадор намудани ваҳдат, ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ ва созандагӣ мебошад.
Имрӯз низ бо иродаи қавӣ ва азми матин муваффақ шудан ба татбиқи ҳадафи дарозмуддати таърихӣ, яъне зиндагии шоиста барои ҳар як кишвари мусулмонӣ ва ҳар хонадони мусулмон, шарти асосии ҳаллу фасли қазияҳои пурпечутоби давр мебошад.

Табиист, ки ноил шудан ба ин ҳадаф ҳанӯз аз мушкилот холӣ нест, вале мо – мусулмонон - ба амалӣ гардидани он ниёзи воқеӣ ва имконияту шароити мусоид дорем.

Зеро кишварҳои мо, бар иловаи сарватҳои бузурги молиявӣ, дорои захираҳои азими табиӣ - об, замини кишт, маводи сӯхт, маъданҳо, ҳамчунин нерӯи ақлониву корӣ, арзишҳои суннативу фарҳангӣ, таҷрибаи волои таърихии ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ - мебошанд.

Пас мо қодирем, ки ба ҳадафи бузурги худ дастёб шавем. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки пешрафти ҷаҳони ислом, бахусус рушди иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ ва илмии он, дар сиёсати миллии ҳар кишвари мусулмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта бошад.

Ман ин нуктаҳоро дар ҳамоишҳои мухталифи олами ислом борҳо матраҳ кардаам ва имрӯз боз мехоҳам сари ин матлаб таваққуф созам ва онҳоро таъкидан иброз намоям.

Албатта, таъмини ин аҳдофи воло замоне имконпазир мегардад, ки кишварҳои исломӣ бо пайравии амалӣ ва саҳеҳ аз дастури қуръонии «мӯъмин бародари мӯъмин» ваҳдати воқеӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.

Дар ин росто вусъати фаъолияти сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ нерӯманди исломӣ, бунёди иншооти мавриди ниёз ва муосири иқтисодӣ дар дигар мамлакатҳои мусулмонии рӯ ба инкишоф бояд мақоми марказӣ касб намояд.

Мантиқи қавии ин амалия дар он аст, ки аз ин барномаҳо кишварҳои сармоягузор низ метавонанд даҳсолаҳо фоидаи собити иқтисодӣ ба даст оранд.

Тавре ки мо дар саммитҳои исломӣ борҳо иброз намудаем, агар мо бо изҳори иродаи сиёсӣ ва эҳсоси бародариву баробарӣ сармояву маблағҳои азимеро, ки имрӯз озод ва ҳамчун пасандоз дар бонкҳои ҷаҳонӣ чарх мезананд, аз тариқи муҳайё сохтани шароити афзалиятноки сармоягузорӣ дар бунёди лоиҳаҳои аҳамияти минтақавидошта ва ояндадори якдигар истифода кунем, он гоҳ метавонем дар муддати нисбатан кӯтоҳ рушди устувори иқтисодиро таъмин ва сатҳи зиндагии ҳалқҳоямонро ба таври назаррас беҳтар созем.

Дар ин ҷода нақши бешубҳа пешбар ва пешқадами Бонки Исломии Рушд бояд фаъолтар ва муассиртар зоҳир гардад ва он чун ҳамоҳангсози боэътимоди талошу кӯшишҳо дар ин самт амал намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Мехостам аз чанд нукта пиромуни ҳамкориҳои кишвари худ бо Бонки Исломии Рушд ёдовар шавам. Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1996 узви Бонк аст ва дар ин давра Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.

Тайи ин муддат Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 191 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок ва кӯмаки техникӣ ҷудо намудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд феълан 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пурра татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 64 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.

Маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обрасонӣ ва обёрии заминҳо самтҳои асосии ҳамкории мо бо Бонки Исломии Рушд мебошанд.

Азхудкунии маблағҳои Бонки Исломии Рушд дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ сол то сол тамоюли афзоиш дорад.

Мехоҳам зикр намоям, ки то имрӯз ҳамкорӣ байни Бонки Исломии Рушд ва Тоҷикистон созанда ва натиҷабахш буд. Мо аз ин ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, умедворем, ки дар оянда барои вусъати боз ҳам бештари онҳо якҷоя кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Мӯҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа!

Қобили тазаккур аст, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва беҳбуд бахшидани сифати зиндагии мардуми кишвар, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рафъи мушкилоту ихтилофоти мавҷуда дар сатҳи минтақа пайваста талош меварзад.

Масалан, бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ моҳи марти соли 2012 Конфронси байналмилалии RECCA 5 – ро бахшида ба мушкилот ва барқарорсозии сулҳу субот дар яке аз кишварҳои минтақа - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - доир намуд.
Ҳамчунин, тавре ман борҳо изҳор намудаам, Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини амнияту субот дар қораи Осиё медонад ва ин мавқеъро дар тӯли фаъолияти беш аз бистсолаи худ борҳо намоиш додааст.

Қобили зикр аст, ки нақши Бонки Исломии Рушд барои маблағгузорӣ намудан, дарёфти маблағҳо ва роҳандозӣ кардани созишномаву лоиҳаҳои сармоягузории дорои хусусияти минтақавӣ ва барои кулли кишварҳои минтақа - аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Бонки Исломии Рушд муфид, на танҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба манофеи кулли кишварҳои минтақа ҷавобгӯ мебошад.

Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки Бонки Исломии Рушд бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд, пеш аз ҳама, лоиҳаи хатти барқе, ки имконияти аз кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд - Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон - интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Кулма –Қароқурум мебошад.

Лоиҳаҳои зикршуда ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо кишварҳои татбиқкунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ ба фоидаи кулли давлатҳои узви Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мебошанд ва итминон дорам, ки бонк дар ин замина кӯмаки худро ҷиҳати ба охир расонидани лоиҳаҳои мазкур дареғ намедорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пасошӯравӣ аввалин узви Созмони Ҳамкории Исломист ва дар доираи ин ташкилоти бонуфуз мо ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳони ислом дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ин созмон ва муассисаҳои он мебошем.

Ба назари мо, созмон бояд нақши худро дар ҳаллу фасли масъалаҳои доғи минтақа тақвият бахшад ва Тоҷикистон низ дар ин раванд саҳм хоҳад гирифт.

Мо дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонистем, ки дар кишварамон суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро таъмин намоем.

Маҳз ин омил кафили асосии комёбиҳои мо ба шумор меравад, зеро бидуни суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ таъмин намудани рушди устувор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвар ғайриимкон мебошад.

Мо барои оянда нақшаҳои возеҳ дорем ва фаъолияти мо дар асоси барномаҳои муайян амалӣ карда мешавад.

Муваффақона татбиқ кардани Стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012 ба мо имконият дод, ки самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишварро муайян ва таъмин намуда, сатҳи камбизоатиро хеле паст созем.

Алҳол мо Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро татбиқ менамоем ва итминон дорем, ки ба шарофати татбиқи ин стратегия барои солҳои 2013-2015 масоили умдаи инфрасохторӣ ва иҷтимоие, ки дар назди кишвар истодаанд, ҳал карда хоҳанд шуд.

Чунин стратегияҳои мо табиати мушаххас доранд. Дар онҳо механизми иҷро, ҷадвали муфассал ва, муҳимтар аз ҳама, захираҳои молиявӣ инъикос гардидаанд.

Ин ба мо имкон медиҳад, бо итминон изҳор намоем, ки стратегияи мазкур низ, иншооллоҳ, бомуваффақият татбиқ карда хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон пайваста талош дорад, ки ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар фазои мусоид фароҳам созад.

Бо ин мақсад заминаи қонунгузории кишвар доир ба дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна, ҳимояи ҳуқуқҳо ва амнияти иқтисодии сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо мунтазам такмил дода мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат бо Бонки Исломии Рушд ва Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд ва умуман ташкилоту созмонҳои молиявии байналимилалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, алалхусус дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, тайи солҳои охир натиҷаҳои назаррас доштанд.

Дар давоми солҳои охир камбизоатӣ дар кишвари мо аз 81 фоиз то 38 фоиз дар соли 2012 коҳиш дода шуд.

Рушди иқтисодии мамлакат дар давоми ин солҳо дар сатҳи 7-9 фоизи солона қарор дошт. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин хоҳад гардид.

Ҳамаи ин итминони моро қавитар месозад, ки дар ҳамкории созанда бо кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ва ҳамоҳангсозии талошу кӯшишҳо ба натиҷаҳои беҳтару хубтар ноил хоҳем гашт.
Дар фарҷоми сухан мехостам ба кори Ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд барору комёбӣ орзу карда, изҳори умедворӣ намоям, ки он ҷиҳати боз ҳам тақвият пайдо намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ҷиҳати ширкати фаъолтари бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ва инкишофи иҷтимоии кишварҳои аъзо зарурӣ мусоидат хоҳад кард.

Бори дигар, меҳмонони азиз, ҳузури шуморо ба сарзамини бостонӣ ва ҳамешаҷавони Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, фаъолияти муваффақонаи Шӯроро орзу менамоям.

Ва мин – Аллоҳи – тавфиқ!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520