Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

17.06.2013 11:39

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам пирӯзии комили Шуморо дар интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик ва таҳният гӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумӯи онҳо пайваста талош меварзад.

Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ низ рушду густариши тоза пайдо намуда, дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиҳои тоза ба тоза, ба мардуми бародари Эрон - сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520