Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ

26.06.2013 19:48

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст дар марҳилаи навини рушду шукуфоӣ комёбӣ орзу намоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд минбаъд низ бо талошҳои пайгирона ба манфиати ду кишвар густариш хоҳанд ёфт”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520