Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж

02.07.2013 17:52

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ пирӯзии муҷаддади Ҷаноби Олиро дар интихоботи сарвари давлати Муғулистон табрику таҳният мегӯям.

Бо ибрози орзуҳои беҳтарин изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи байни Тоҷикистону Муғулистон ба нафъи мардуми ҳарду кишвар рушду тавсеаи тоза пайдо хоҳад кард.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломативу бурдбориҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон – пешрафту рифоҳ орзумандам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520