Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко

03.07.2013 14:06

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Александр Григоревич,

Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Белорус ирсол намоям.

Бо қадрдонӣ аз равобити суннатӣ ва дӯстиву ҳамкории наздики байни кишварҳоямон боварӣ дорам, ки равобити муътамад ва созандаи байни Белорус ва Тоҷикистон дар оянда низ рушду густариш хоҳанд ёфт.

Мутмаинам, ки мо бо ҳам метавонем ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ба нафъи мардуми ду кишвар нигаронидашуда такони тоза бахшем.

Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти белорус сулҳу рифоҳ ва шукуфоиро орзу менамоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520