Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри китоби Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо ҳуруфоти форсӣ

26.07.2013 16:17

Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.

Чунонки муаллиф дар муқаддимаи китоб менигорад, «мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд».

Китоби мазкур туҳфаи хубест барои олимони муаррих, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон, адибон ва ҳамаи онҳое, ки шавқи таърихи ориёиро омӯхтан доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520