Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак

13.08.2013 08:11, шаҳри Норак

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард.

Тайи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 киловолтаи нерӯгоҳи Норак ва як зумра иншооти муҳими дигар ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Соҳибкори бунёдгузори ин бино Абдурраҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода аст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520