Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти маро ба муносибати иди миллӣ - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.
Мехоҳам ҳавасмандии амиқи хешро дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи кишварҳоямон ва халқҳоям, инчунин таъмини субот ва амнияти минтақа махсус таъкид намоям. Омодагии худро оид ба кӯшишҳои якҷоя бо Шумо барои ин ҳама иброз медорам.
Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович саломатӣ, ба фаъолиятҳои давлатиатон муваффақият ва ба халқи бародари қирғиз сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».