Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимии хешро ба Шумо ирсол медорам.
Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, ки решаи таърихӣ доранд, мебошад.
Мо ба гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комимл намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, омодаем.
Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».