Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колер

06.04.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.

«Мо Ҷумҳурии Федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо медонем», - изҳор дошт зимни суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тавре зикр гардид, ҳамшарикии Тоҷикистону Олмон, асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст.

Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта буд ва он вақт ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, бори дигар таъкид намуд, ки «азми Агентии энергетикии Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст».

Штефан Колер изҳор дошт: «баъди боздиди имрӯза аз нерӯгоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги нерӯгоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард». Гузашта аз ин, ӯ таъкид дошт, ки «минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетикии давлати худ дар Олмон бишуморанд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Олмон барои дастгирӣ ва мусоидат ба навсозии техникии иншооти гидроэнергетикӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқии хурд дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд чунин ҳамкорӣ тавсиа хоҳад ёфт.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба идомаи бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ташкили ҳамкорӣ дар самти истихроҷи нафту газ, истеҳсоли биогаз ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду давлат буда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ низ мусоидат мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520