Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши

06.04.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ба поён расидани муҳлати фаъолияти Ҷоҷи Токеши дар Тоҷикистон ба кори сесолаи ӯ баҳои баланд дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 1998 ба ин сӯ аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 860 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст, ки 350 миллиони он ба 3 соли охир рост меояд.

Ҷоҷи Токеши, ки минбаъд намояндаи Бонки осиёии рушд дар Афғонистон хоҳад буд, дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома хоҳад дод.

Тавре зикр гардид, бисёр лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавҷуданд, ки ба рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа равона гардидаанд ва Бонки осиёии рушд дар татбиқи онҳо иштироки фаъол хоҳад дошт.

Азми устувори Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520