Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо хабарнигори мисрии рӯзномаи "ал-Масоийя" ("Шомгоҳӣ") Муҳаммад Салома

06.04.2012 08:30, шаҳри Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти қадрдонӣ аз нақши Миср ва таърихи он барои аввалин мусоҳиба бо матбуоти мисрӣ рӯзномаи "ал-Масоийя"-ро ихтисос дод.

Тоҷикистон на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар саросари ҷаҳон нақши рӯзафзун мебозад. Азбаски дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон қарор дорад, Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии оид ба Афғонистон RECCA-V-ро пазироӣ кард. Дипломатияи обу энергетикаи Тоҷикистон бар гуфтушуниди ором бо риояи манфиатҳои ҳамсоягон асос мегирад. Тоҷикистон, ки дар давоми 20 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. ҳамчун давлати болооби саршор аз захираҳои обӣ таҷрибаи Мисрро дар масоили об дар маркази диққат қарор медиҳад.

Рӯзномаи "ал-Масоийя" Президенти Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки имсол мизбони пазироии он буд, табрику таҳният гуфт. Ҳангоми сӯҳбат Миср бо таъриху фарҳанг ва пирӯзии Инқилоби 25 январ мавриди санои Президент Эмомалӣ Раҳмон буд ва ӯ таъкид кард, ки неру ва беҳбудии Миср ин неру ва беҳбудии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон аст. Ҳамчунин иброз дошт, ки таърихи деринаи робитаҳои фарҳангӣ ва динӣ заминаҳои мусоид барои густариши муносибатҳои ҳамкории бештар байни ду кишвар ба хусус дар соҳаҳои иқтисод ва фарҳанг фароҳам овардаанд.

***

Ҷаноби Олӣ, сароғоз шарафмандам Шумо ва халқи куҳантаърихи тоҷикро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки имсол баргузории онро Тоҷикистон мизбонӣ мекунад, самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон соли бобарор орзу намоям. Наврӯз муборак!

Ташаккур, ба ҳама муборак бошад. Наврӯз ҳам акнун ҳамчун иди байналмилалӣ соли 2010 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Ин ид то ин замон яке аз идҳои миллӣ ва муҳимтарини маросимҳои мардумии халқи тоҷик ва дигар халқҳои ҳамфарҳанги минтақа буд, ки наслҳо онро аз умқи таърих ба ҳазорсолаҳо сина ба сина то имрӯз оварданд. Наврӯз ин эътидоли баҳории рӯзу шаб, рамзи эҳёи табиат, фарорасии баҳори рангин, пирӯзии нур бар зулмат, гармо бар сармо, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ ва раҳму шафқат бар бераҳмист.
Имсол шарафи пазироии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз насиби кишвари мо Тоҷикистон ва пойтахти он Душанбе гардидааст. Душанбе имрӯз аз шодию сурури қудуми меҳмонон ва ҳайъатҳои сершумор, ки аз кишварҳои минтақаву хориҷи он ва аз дуру наздик омадаанд, то Наврӯзро бо мо ид кунанд ва дар шодии мо шарик шаванд, шукуфтааст.

Мебинем, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри зебоманзари Душанбе дар ҳақиқат ба маркази таваҷҷӯҳи минтақавию байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Тоҷикистон чӣ нақшеро дар минтақа ва ҷаҳон мебозад?

Тоҷикон табиатан мардуми олиҳиммат ва куҳанфарҳанганд ва ин сифатҳо дар сиёсати давлати мо, ки аз оғози истиқлолият сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, таҷассум ёфтаанд. Ҷавҳари ин сиёсат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мусбат ва таҳкими пайвандҳои дӯстӣ бо ҷаҳони беруна аст, ки бар манфиати муштарак ва эътимоди мутақобил асос мегиранд.

Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба Тоҷикистон баъди он, ки аз солҳои ҷанги хунбори шаҳрвандӣ саломат раҳо ёфта, ба оштии миллӣ ноил гардид ва акнун ҷомеае месозад, ки дар он дӯстию ризоият ҳукмрон буда, дар партави суботу оромӣ умр ба сар мебарад, торафт зиёд мешавад.
Пойтахти мо шаҳри Душанбе солҳои охир ба туфайли лоиҳаҳои сершумори ободонӣ равнақу зебоӣ касб кард, симпозиуму конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалиро мизбонӣ мекунад, ки аз минбарҳои он ташаббусҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ садо медиҳанд, ки мавриди қабули Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд ва яке аз муҳимтарини онҳо ташаббуси “Об барои ҳаёт” мебошад. Тоҷикистон дар корандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои имрӯза соҳибсухан ва дорои мавқеи уствор буда, дар матраҳ сохтани ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созанда барои амалисозии рушди устувор ва некӯаҳволӣ нақши эҷодӣ мебозад. Ҳамчунин Тоҷикистон ба муқобили гардиши маводи мухаддир, ки аз Афғонистон содир мешавад ва он мушкилиест, ки аз он на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон ранҷ мекашанд, дар сафи пеши мубориза қарор дорад.

Модом ки ин ҷо сухан аз ҳамсояи Шумо Афғонистон рафт, ки он мавриди таваҷҷӯҳи зиёди Шумо қарор гирифтааст ва баргузории Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки пазироии онро дар ин рӯзҳо пойтахти Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст, далели равшани ин аст. Ҷаноби Олӣ, аз нигоҳи Шумо ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом корҳоро бояд анҷом диҳад, ки дар ин кишвари исломии азияткашида сулҳу суботи доимӣ барқарор гардад?

Тоҷикистон бештар аз ҳар як тарафи дигари минтақа дар ҳалли қазияи Афғонистон манфиатдор аст. Моро бо халқи афғон як таъриху фарҳанг, забон ва дигар муштаракоти ягона ба ҳам мепайванданд, инчунин дарозтарин марзи сарҳадӣ. Мо ҳанӯз дар ибтидои бӯҳрони Афғонистон барои берун шудани он аз ин бӯҳрон ва мушкилиҳои мавҷуда бо чандин ташаббус ва пешниҳод баромад кардем. Халқи афғон ниёз ба ҳаёти осоишта ва зиндагии сазовор дорад, ки онро аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва сохтмонӣ мебояд амалӣ сохт. Ҳамчунин зарур аст, ки кӯмаки ҷиддӣ ба халқи афғон бо тамоми қишрҳову таваҷҷӯҳоташ барои бартараф намудани зӯроварӣ ва тундгароӣ, расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллӣ, пайвастани он ба ҷаҳони мутамаддин идома дода шавад.
Тоҷикистон дар масъалаи расонидани кӯмак ба халқи Афғонистони бародар ва ҳамсоя ба аҳдаш устувор буд ва хоҳад боқӣ монд. Мо ба сохтмони роҳҳои мошингард ва пулҳо ба дарозои дарёи бузурги Панҷ дар паҳлӯи Афғонистон шурӯъ кардем ва барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистони ҳамсоя ба Афғонистон ва аз он ба Покистон омодагӣ гирифта мешавад. Боз лоиҳаҳои муҳими дигаре ҳастанд, ки ба инкишофи зербино марбут мебошанд. Ба ибораи дигар, лоиҳаҳои стратегие, ки татбиқи онҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад, хусусияти минтақавӣ дошта, халқи афғони ҳамсояро фаро мегиранд ва ба беҳтарсозии шароити зиндагии онҳо нигаронида шудаанд. Ҳамзамон давлатҳои кӯмакрасон ва созмонҳову ниҳодҳои молиявии минтақавӣ ва байналмилалиро ба вафо намудан ба аҳду ваъдаҳояшон нисбат ба Афғонистон даъват мекунем.

Ҷаноби Президент, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар тӯли 20 соли истиқлолияти миллии худ соҳиби дастоварду пешравиҳои зиёде гашт. Кадоме аз ин дастовардҳо аз ҳама муҳимтар ба назар мерасад? Аз нигоҳи Шумо кишваратон ва минтақа дар роҳи рушди устувор ба чӣ гуна таҳдиду монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст?

Муҳимтарин ва азизтарин дастоварди Тоҷикистон истиқлолияти давлатист, ки халқи мо баъд аз ҳазор соли маҳрумияту дастнигарӣ онро ба худ бозгардонд. Сониян, мусолиҳаи миллӣ, ки баъд аз солҳои ҷанги бародаркуш, харобӣ ва ғурбати фарзандони як миллат ба даст омад. Халқи тоҷик тавонист бо хирад ва фарҳанги куҳани худ оташи ҷанги шахрвандиро хомӯш созад ва боз муттаҳид гашта, паҳлӯ ба паҳлӯ ба кори созандагӣ шурӯъ кунад.

Имрӯз, шукри Худо, мо ба зиндагии амну осоишта ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ расидем ва бо ҳиммати олӣ таҳдиду чолишҳои бесобиқа ва монеаҳои табиӣ ва сунъиро пушти сар намуда, ба сӯи ҳадафҳои созандаи худ устуворона қадам зада истодаем. Аз ҷумлаи таҳдидҳое, ки Тоҷикистон ба он дучор гаштааст, ин қочоқи маводи мухаддир аст, ки аз Афғонистон аз тариқи марзҳои муштараки мо ворид мешавад ва он на танҳо ба минтақа, балки ба суботи тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, сарчашмаи терроризм, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккилона мебошад. Ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, ки барои пирӯз гаштан бар ин падида чораҳои зарурӣ андешад. Монеаи бузургтарине, ки аз замони истиклолияти миллӣ садди роҳи рушд ва инкишофи мо гашт, ин бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки моро бо тамоми қувва ба сохтани роҳҳо ва туннелҳо водошт, то минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам пайваста, ба сӯи кишварҳои ҳамсоя аз тариқи замин роҳ кушоем. Моҳияти сиёсати хориҷии мо ин ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва бунёди эътимоди мутақобил бо кишварҳои минтақа ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Чи тавре мушоҳида мекунем, Тоҷикистон ба дипломатияи об диққати калон дода, ҳамеша дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳояш, аз ҷумла, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои бузурги обии худ талош меварзад. Аз назари Шумо нишонаҳои муҳимтарини ин дипломатия кадомҳоянд?

Дар ҳақиқат Тоҷикистон ба қазияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дода, соҳиби ташаббуси таҳия ва қабули ду қатъномаи муҳими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ба шумор меравад, ки яке эълони Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003) ва дигар Барномаи даҳсолаи байналмилалӣ барои амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015) мебошад. Ҳамчунин мо барои иҷрои муваффақонаи барномаи даҳсола аҳамияти фавқулъода медиҳем ва барои амалӣ сохтани ин ҳадафи олӣ Тоҷикистон чандин конфронсҳои байналмилалиро оид ба об ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти истифодаи оқилонаи об пазироӣ кардааст.

Чи тавре маълум аст, Тоҷикистон аз лиҳозии захираҳои оби ошомиданӣ дар миёни давлатҳои минтақа дар ҷои аввал аст ва мо мутмаинем, ки идораи захираҳои об ва энергетика миёни давлатҳои болооб, ки дорои сарчашмаҳои ғании об мебошанд ва давлатҳои поёноб, ки дорои сарватҳои энергетикӣ аз қабили нафту гази табиӣ мебошанд, эҷоди як механизми иқтисодии фарогирро тақозо мекунад, то ҳамкории мутақобилан судманд ва дарозмӯҳлати миёни кишварҳо ба роҳ монда шавад. Мушкилии об ва энергетика, ки аз хатарноктарин қазияҳои қарн ба ҳисоб меравад, дар солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ қазияи доғи рӯз гаштааст. Бо тамоми самимият ва сидқ мегӯям: Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он 60 дарсади оби минтақа ташаккул меёбад, ба танҳоӣ даъвои истифодаи онро надорад, балки ҳамеша аз ташаббускорони ҳамкории мутақобилан судманд дар ин соҳа аст ва изҳори умед мекунад, ки шариконаш дар минтақа мақсаду маром ва ормонҳои вайро бифаҳманд. Мо борҳо таъкид кардаем, ки ҳукукҳои ҳамсояҳоямонро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ риоя мекунем ва дар айни замон аз ҳамсояҳоямон талаб мекунем, ки вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои калони нафту газ маҳрум аст, хуб фаҳманд, зеро мо дар мавсими сармо аз камбуди барқ ва гармӣ азоби сахт мекашем ва илоҷи ягона ин сохтмони нерӯгоҳҳои тавлиди нерӯи барқ дар дарёҳои дохилиямон мебошад. Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳаллу фасли қазияи об ва дигар қазияҳо аз тариқи муколама, гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмист.

Кишвари ман Мисрро, ки баъд аз пирӯзии инқилоби 25-уми январ ислоҳоти демократиро аз сар гузаронида истодааст, чӣ гуна васф мекунед?

Мо рӯйдодҳои кишвари шумо Мисрро аз наздик пайгирӣ мекунем, ба ояндаи Миср баъди инқилоби 25-уми январ хушбинем ва дар қатори дигар дӯстон ба табрикаш шитофтем. Мо Мисрро ҳамчун давлати бузург бо мардумаш, таъриху тамаддунаш, нуфузу мақомаш дар сатҳи сиёсати байналмилалӣ эътироф мекунем. Беҳбудии Миср ин беҳбудии тамоми минтақа аст ва мо ба иродаи оммаи халқи он дар интихоби роҳбарият ва тарзи зиндагӣ арҷ мегузорем ва орзуманди онем, ки дар наздиктарин фурсат бо президенти ояндаи он, Худо хоҳад, вохӯрем, то дурнамо ва роҳҳои таҳкими робитаҳои ҳасанаро, ки давлатҳо ва халқҳои ба ҳам бародари моро мепайвандад, мавриди баррасӣ қарор диҳем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520