Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд

17.09.2013 09:45, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷандро, ки бо тарҳи зебои дар минтақа нотакрору беназир дар майдони 3 га бунёд ёфта, ба як шаҳраки афсонавии кӯдакон мубаддал гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  

Тавре зикр гардид, ин иншоот бо харҷи 25 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои ҳазор нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти зебою муҳташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Кӯдакон, ки ба 46 гурӯҳи аз 16 то 20-нафарӣ шомил мегарданд, ҳамчунин ба се гурӯҳи синнусолӣ тақсим шуда, аз ҳама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солаҳо дар ошёнаи дуюм ва 6-солаҳо дар қабати сеюми бино ҷойгир карда мешаванд. Дастгоҳу таҷҳизот, утоқҳои машғулиятӣ, бозию дилхушӣ ва хобу фароғат ҳам дар ҳар ошёна мутобиқ ба синну соли кӯдакони ҳамин се гурӯҳ  омода гардидааст.

Дар ошёнаи сеюм, ки барои шашсолаҳо пешбинӣ гардидааст, синфхонаҳо барои омодасозии онҳо ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо ба онҳо хондану навиштан ва расмкашӣ меомӯзонанд. Ҳамчунин утоқҳои махсус барои маҳфилҳои рақсу суруду дилхушӣ ва ҳатто барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва асосҳои кор бо компютер мавҷуданд. Утоқи компютерӣ 30 компютер дорад.

Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус бо ҳамин қадар айвонча барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад ва бо дарахтони сояафкан ва гулу сабзазор оро ёфтааст.

Кӯдакистон, ҳамчунин дорои се ҳавзи шиноварӣ мебошад. Яке аз онҳо бо соябонҳо ва курсиҳои махсуси бароҳат дар ҳавлӣ ҷойгир шуда, ду тои дигар бо шабакаи гармсозӣ ва обсофкунӣ дар таҳхона қарор доранд.

Барои омӯзишу парастории босифати ҳазор кӯдаки болаёқат ва хизматрасониҳои дигар ба ин ҷо беш аз 260 нафар кормандони соҳибтаҷрибаи корозмуда ба кор ҷалб мешаванд.

Кӯдакистони Президентӣ дорои хадамоти махсуси тиббӣ, оташнишонӣ, гармидиҳӣ ва доир ба нигоҳубини гулгашту майдончаҳои ҳавлӣ буда, барои ҳамаи онҳо тамоми шароти зарурии техникию хоҷагидорӣ муҳайё гардидааст.

Дар зимистон ба тамоми биноҳои кӯдакистон ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор хоҳад кард, оби гарм ва гармӣ дода мешавад.

Зимни боздид аз ошхонаю ошпазхонаи ин муассисаи инноватсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба масоили тозагию озодагӣ, талаботи санитарӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Ба кӯдакистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 автобуси чилнафара ва як мошини боркаш ҳадя карда шуд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди беш аз 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф ва дигар сохтору муассисаҳои масъули омӯзишу парвариши насли навраси вилоят суханронӣ карда, аз дастовардҳои назарраси ҳукумати кишвар дар ин самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуд ва ҳамагонро ба омодасозии босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Ватани азизи мо ҳидоят намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки шароити хуби дар ин ва дигар муассисаҳои томактабӣ муҳайёшаванда бояд мавриди истифодаи босамар қарор дода шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520