Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар Тоҷикистон хабари рух додани зилзиларо дар музофоти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон, захмӣ шудани садҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам ва орзуманди шифоёбии зарардидагон ҳастам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».