Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

01.10.2013 06:25

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Табрикоти гарму самимии маро ба муносибати 64- умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.

Дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хосса аз дастовардҳои назарраси Чини дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи байналмилалӣ ва имкониятҳои минбаъдаи он дар масири пешрафту рифоҳ ёдоварӣ мекунанд.

Кишварҳои моро анъанаҳои дӯстиву ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз тӯли қарнҳо маншаъ мегиранд, ба ҳам пепайванданд. Дар давраи муосир миёни Тоҷикистону Чин дар шароити рушди мустақил таҷрибаи қавӣ ва захираҳои мусоиде барои беҳбуди бештари равобити бисёрҷонибаи ду кишвар фароҳам гардидаанд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки равобити миёни ду кишвар, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст, пайваста рушду густариш меёбад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Чин ва ҷараёни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд медиҳад.

Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои мо муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.

Ман аз натоиҷи вохӯриҳои зиёд бо Шумо ниҳоят қаноатмандам. Баҳори имсол сафари давлатии ман ба кишвари Шумо бо муваффақият ба анҷом расида, дар баробари мусоидат дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар, инчунин дар равобити дуҷонибаи миёни кишварҳоямон сатҳу сифати тоза бахшид. Ба имзо расидани эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо аст.

Мо ба роҳбарияти Чин барои дастгирии пайваста, пеш аз ҳама дар татбиқи бузургтарин барномаҳои ҳаётан муҳим дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт арзи сипос менамоем. Дар кишвари мо барои рушди соҳаҳои мазкур аз чунин ҳамкориҳои фаъол истиқбол мекунанд. 

Мо аз касби ин таҷрибаи арзишманд ниҳоят шодем ва умедворем ва он минбаъд низ такомул хоҳад ёфт. Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Чин манфиатдор буда, ҷонибдори амиқи равобити судманд ба нафъи ҳар ду мардуму кишвар мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Раис, сиҳатии бардавом, ба кишвари ҳамшарики мо – Чин дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти он пешрафту рифоҳро таманно намоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520