Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Шуморо бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона ва сидқан муборакбод менамоям.
Дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфтанд. Аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо роҳбарии Шумо пешгирифташуда аст, ки мақсад аз он шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он мебошад.
Аминам, ки дар давраи нави президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Озарбойҷон минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо мустаҳкам мегарданд ва густариш меёбанд. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи чораҳои заруриро мебинад.
Аз фурсат истифода карда, мехоҳам ба Шумо, мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои навро орзу намоям».