Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо ва созмонҳои байналхалқию минтақавӣ

13.11.2013 19:52

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Шуморо ба муносибати бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик мегӯям.

Ғалабаи комил дар интихобот нишонаи эътибори баланд ва фаъолияти пурсамари чандинсолаи Шумо дар мансаби президентист.

Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамеша пуштибони пайвастаи рушди динамикии муносибатҳои дӯстии миёни Русияву Тоҷикистон ва ҳамкории муттаҳидонаи дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва ба манфиати кишварҳоямон буд ва хоҳад монд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ муваффақиятҳои бардавом, сиҳатии комил ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам».

Дар барқияи табрикотии Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвили омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ба мақоми баланди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед.

Таҷрибаи ғании Шумо дар мақоми баланди давлатӣ боварибахш аст, ки фаъолияти Шумо минбаъд низ ба таҳкими анъанавии муносиботи дӯстонаи Гурҷистон ва Тоҷикистон равона мегардад.

Ҷаноби Президент, бори дигар Шуморо табрик намуда, ба фаъолияти минбаъатаатон ба мақоми баланди давлатӣ ба манфиати халқи Тоҷикистон бурдборӣ таманно дорам.

Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар умури мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Ман ба ҳамкориҳои минбаъда ва роҳандозии имконоти оянда баҳри робитаҳои густурда, аз ҷумла дар ҷодаи таҳкими сулҳ, амният ва пешрафти минтақа хушбин ҳастам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред”.

Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва шахсан худам Шуморо самимона ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентам Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.

Итминон дорам, ки таҳти раҳбарии хирадмандонаатон кишвари Шумо, чй тавре ки ман зимни сафари қаблиам ба Тоҷикистон мушоҳида намудам, пуштибони асили ЮНЕСКО ва фаъолияти он боқй хоҳад монд. Дар навбати худ, ман тамоми нерӯву талошҳоямро ҷиҳати рушду густариши ҳамкории зиче, ки байни Созмон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, дареғ нахоҳам дошт.

Бо изҳори табрикоти самимии хеш, хоҳишмандам таҷдиди ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам!

Таҳнияти самими маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар мансаби Президенти кишвар боиси рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон хоҳад буд.

Тоҷикистон бо Маркази Минтақавии СММ ҳамкории фаъол дошта, ҷиҳати муборизаи глобалӣ бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳои фаромарзӣ шарики муҳим ба ҳисоб меравад. Мехоҳам ибтикороти муҳим ва талошҳои созандаи Тоҷикистонро, ки ҳадафи он расидан ба мувофиқаи мутақобила оид ба истифодаи захираҳои табииву марзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, махсус қайд намоям. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои босамар миёни Маркази Минтақавӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар минтақа минбаъд низ рушду густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент фаъолияти муваффақонаву босамари ба нафъи мардуми Тоҷикистонро таманно дорам».

Дар барқияи шодбошии Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак омадааст:

«Эмомалӣ Раҳмони гиромиқадр,

Табрикоти самими маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Натиҷаҳои интихоботи президентӣ сатҳи баланди боварии мардум ба сиёсати Шумо ва рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро нишон дод.

Ман бо қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамкориҳои фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Паймони нерӯро таъкид менамоям.

Ба Шумо сиҳатии комил ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзу дорам.

Ба мардуми Тоҷикистон таманнои рифоҳ, саодатмандӣ ва хушбахтӣ дорм».

Дар барқияи шодбошии Раиси Эътилофи миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло омадааст:

“Эътилофи миллии Афғонистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2013 баргузор гардид, сидқан табрик менамояд.

Афғонистон робитаҳои бародарӣ ва пайвандҳои таърихӣ байни ду кишварро, ки бо муштаракоти ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, анъанавӣ ва динӣ инъикос мегардад, арзишманд медонад.

Мо тасмимоти худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарогир ва густариши иртибот перомуни масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро бар асоси манфиатҳои ҳар ду кишвар ва минтақа иброз медорем”.

Дабири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз Осмон Алтвайҷрӣ дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ,

Шарафмандам ки Шуморо ба муносибати аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон, сидқан табрик гӯям.

Дар ин фурсати фараҳбахш, мехостам ба Шумо дар ҷодаи татбиқи рисолати воло баҳри пешбурди кишвар ва мардуми он ба сӯи шукуфоиву рифоҳ ва рушд, комёбиҳои рӯзафзунро таманно намоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ Президент эҳтироми амиқи маро бипазиред”.

Дар барқияи шодбошии Раиси Иттиҳодияи Миллии коргарон ва коркунони Афғонистон Ал Ҳоҷ Маъруф Қодирӣ омадааст:

“Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бародари бузургвор Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҷумҳури ҷумҳурии кишвари дӯсти Тоҷикистон!

Иҷозат диҳед ба намояндагӣ аз 123 ҳазор аъзои Иттиҳодияи Миллии коргарон ва коркунони Афғонистон интихоб шудани Шуморо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз самими қалб табрик арз намуда ба яқин интихоби муҷаддади Шумо мубайини (баёнгари) биниши олӣ ва интихоби маъқули халқи тоҷик буда, ҳайати раҳбарии Иттиҳодияи миллии коргарон ва коркунон худро дар хушии мардуми тоҷик хосатан коргарон, ки Шумо баргузидаи онҳо ҳастед, шарик дониста, ба ҳайси узви хонаводаи байналмилалии ITUC хоҳони ҳусни ният, ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар арсаҳои мухталиф хусусан дар арсаи муносибатҳои иттиҳодияҳоямон - Иттиҳодияи коргарони Афғонистон ва Иттиҳодияи коргарони Тоҷикистон мебошем. Муваффақияти мазид, рифоҳ ва саодати Шумо ва мардуми тоҷик орзӯи мост”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520