Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишвар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

07.08.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонд.

Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Хизматҳои арзандаи роҳбарият ва кормандони пешқадами як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерўгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти соҳаи энергетика, муассисаҳои намунавии соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар рушди боғутокпарварӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, парвариши занбўри асал ва ғайра фаъолияти омўхтанӣ доранд ва умуман онҳое, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон саҳми намоён гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии Ватан табрику таҳният гуфта, ба заҳмати созандаи минбаъда баҳри таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520