Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

230 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

11.08.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоеро, ки ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шудаанд, табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ҳар яки онҳо дар 20 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон саҳми намоён гузоштаанд.

Як гурўҳи калони собиқадорон, ки қаблан дар вазифаҳои роҳбарии давлату Ҳукумати Тоҷикистон адои хизмат кардаанд ва ҳам собиқадорони ҷангу меҳнат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев, Акбар Мирзоев, Сайдулло Хайруллоев, Султон Мирзошоев, Талбак Назаров, Раҳмат Қудратов ва дигарон аз ҷумлаи онҳоанд.

Хизматҳои арзандаи роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, аз ҷумла Раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, Раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабиров, Раиси ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, Раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуалим Ғаффоров, Раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қароқулов ва Муовини раиси ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд.

Зиёда аз 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоёнашон дар рушди илму амали бахшҳои гуногуни тиббӣ ва ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар бо медали Хизмати шоиста, медали Шафқат ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуданд.

Як зумра олимону ходимони намоёни бахшҳои илму маърифат, ки дар рушди илму техника, тарбияи кадрҳои ояндадор ва таъмини робитаи судбахши миёни илму амал хизматҳои арзанда кардаанд, низ сазовори қадрдонӣ бо мукофотҳои давлатӣ дониста шуданд.

Як гурўҳи калон аз роҳбарият ва вакилону кормандони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин қадрдонии баланд мушарраф гардиданд.

Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва як зумра хизматчиёни дигари давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва 10 нафари дигар бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Хизматҳои арзандаи раисони вилоятҳо, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин манотиқ, боло бурдани иқтидори истеҳсолию содиротӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ ва бунёду навсозии корхонаҳои саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ беҳ кардани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми намоён гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд.

Дар миёни онҳое, ки имрўз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, ҳамчунин як қатор варзишгарони номбардори давлату миллати тоҷик ҳузур доштанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бори дигар бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба кору хизмати содиқонаю софдилонаи минбаъда ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520