ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи Дарвози
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Абдураҳмонов С.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдураҳмонов Саидбурҳон Саидраҳмонович раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 декабри соли 2013
№104
АБДУРАҲМОНОВ САИДБУРҲОН САИДРАҲМОНОВИЧ
раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
АБДУРАҲМОНОВ Саидбурҳон Саидраҳмонович – 6 августи соли 1959 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1988 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси зооинженер хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси духтури ҳайвоноти Совхози «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои зоотехники соҳаи гусфандпарварӣ, мудири фермаи гусфандпарварӣ, сарзоотехник ва Директори Совхози «Сағирдашт» - и ноҳияи Дарвоз кор кардааст.
Солҳои 1998 - 2006 ҳамчун Директори хоҷагии давлатии зотпарварии «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз адои вазифа намудааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 дар вазифаи Раиси кооперативи истеҳсолии «Сағирдашт»,-и ноҳияи Дарвоз кор кардааст.
Аз марти соли 2013 то ба имрӯз Сардори истеҳсолоти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Таком Голд»-и ноҳияи Дарвоз фаъолият дорад.
Барои хизматҳои шоён бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.