Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ

30.08.2011 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои хотирмони таърихӣ, яъне дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддаси бистумин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон мову шумо ва тамоми мардуми шарифу соҳибдавлати Тоҷикистон шоҳиди барафрохтани яке аз рамзҳои давлатдории мустақили худ - баландтарин Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол шудем.

Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрўз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.

Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.

Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд.

Чунон ки дар «Шоҳнома» омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст.

Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Ба ифтихори баланд афрохтани Парчами миллӣ – рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сўи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик менамоям.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрўзҳо ба оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз бист сол пур мешавад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ - сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Зеро он айём барои мо аввалин рўзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.

Се сол пеш мо ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 – уми ноябрро ҳамчун Рўзи парчам эълон доштем.

Маросими оғози бунёди манораи бузурги Парчам соли гузашта дар рўзи дуюмин солгарди ин санаи таърихӣ сурат гирифта буд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг - ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тўли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад.

Бо истифода аз фурсат ба тамоми меъморону муҳандисон ва ҳамаи онҳое, ки дар эъмори ин муҷассамаи нангу номуси миллӣ саҳми арзанда гузошта, дар арафаи иди бошукўҳи 20 – солагии истиқлолияти мамлакатамон ба мардуми шарафманди Тоҷикистон тўҳфаи арзишманду гаронбаҳоро омода ва тақдим намудаанд, самимона изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукўҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз он рўзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Равобити дўстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрўз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои ?ароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ма?омоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Тавре ки ҳамаи шумо мебинед, дар давоми чанд соли охир дар ҳудуди майдонҳои ҳамшафати гулгашти сарзабзи Парчами миллӣ як қатор иншооти бузурги фарҳангиву сиёсӣ қомат афрохта, ин гўшаи пойтахти мамлакатамонро ободиву зебоӣ, шукўҳу шаҳомат ва рангу таровати тамоман нав бахшидаанд.

Сохтмончиёну мутахассисон шабонарўз заҳмат кашида, барои халқи тамаддунофару фарҳангсолори мо биноҳои хуштарҳу замонавӣ, аз ҷумла қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, муҷассамаи Нишони давлатӣ, боғи зебои ба номи паёмбари шеъри тоҷик устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро бунёд карда, сохтмони Осорхонаи миллӣ, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар бинову иншооти замонавиро идома дода истодаанд, ки ҳамаи онҳо, бешубҳа, барои зиёрату истироҳати сокинону меҳмонони кишварамон ва сайёҳони хориҷӣ ҷойи бисёр муносиб мебошанд.

Дар паёми табрикии худ бахшида ба таҷлили дуюмин солгарди Рўзи парчам пешниҳод карда будам, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, инчунин бо дарназардошти нақшу моҳияти он дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти мамлакат ба номи Парчами миллӣ номгузорӣ гардад ва ҳоло эълон медорам, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеи ободу дилкаш Майдони парчами давлатӣ номида шавад.

Итминон дорам, ки баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунанд.

ҳамчунин ба ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Дар ин айёми таърихӣ ба ҳар хонадони тоҷик хуррамиву осоиши рўзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу менамоям.

Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад, ҳамватанони азиз!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520