Дирӯз нависандаи машҳури колумбинажод Габриэл Гарсиа Маркес дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос дар робита ба марги нависандаи машҳур дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург - даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобел, классики адабиёти даврони мо - Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.
Сарвари давлат қайд намуд, ки дар асарҳои нависанда ҳақиқат ва тахайюлот ба таври ҳайратангез бо ҳам омехтаанд. Онҳо гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайванданд.
Моҳияти фалсафаи умумибашарӣ ва умумисайёравии Маркес аз он иборат аст, ки инсонро доимо бобати тақдири ӯ дар Замин, дар бораи инсондӯстӣ ва ҷавонмардӣ, ахлоқи покиза, оид ба зарурати зистан дар сулҳу иттифоқ вомедорад.
Габриэл Гарсиа Маркес - нависандаи машҳури колумбӣ - носир, журналист, ношир ва ходими сиёсӣ, Лауреати мукофоти Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1982 мебошад. Намояндаи «реализми сеҳрангез», арбоби барҷастаи Амрикои лотинӣ ва носири ҷаҳонии асри ХХ аст. Муаллифи романҳои «Хазони умри Одамхудо» ("Осень Патриарха"), «Муҳаббат ҳангоми тоун» ("Любовь во время чумы") ба нависнда шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, «Сад соли танҳоӣ» ("Сто лет одиночества"), қиссаҳои «Ба полковник касе наменависад» («Поковнику никто не пишет»), «Генерал дар лабиринти худ» ("Генерал в своем лабиринте") ва бисёр асарҳои дигар мебошад.