Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг

15.10.2011 17:00, ноҳияи Ховалинг

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи корҳои корхонаҳои заршўӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба мавзеи Шугноби ноҳияи Ховалинг ташриф овард.

Аҳли ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг беш аз 8,5 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд ва зиёда аз 1,5 ҳазори он ризқу рўзии худ аз кор дар корхонаҳои истҳсоли тилло ва ё аз фаъолияти инфиродии заршўӣ ҳосил мекунанд.

Боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Сафеддараи ҷамоати Шугноб, ки кони асосии тилло ва макони марказии фаъолияти корхонаи давлатии Тиллои Тоҷик мебошад, оғоз ёфт.

Ба иттилои мутахассисон, ин мавзее мебошад, ки аз ҳар метри мукааб хоку гилаш як грамм тиллои аълосифати сурх ҷудо мешавад. Масъулини соҳа, аз ҷумла роҳбарияти Саридораи Геологияи Тоҷик аз афзоиши таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ин соҳа арзи хушнудӣ намуда, бовар доранд, ки истеҳсол ва коркарди тилло ва дигар металҳою сангҳои гаронбаҳо метавонад аз соҳаҳои сердаромади иќтисоди миллии Тоҷикистон гардад.

Тавре зикр гардид, аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба соли 2008 истеҳсоли тилло дар ин мавзеъ, ба хусус дар ин корхонаи давлатӣ хеле коҳиш ёфта буд. Ин буд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2008 дар заминаи он корхонаи махсуси давлатии Тиллои Тоҷик таъсис дода шуда, маблағгузории давлатӣ ба он афзун шуд ва зиёда аз 40 адад техникаю механизмҳои махсус харидорӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли тилло аз нав рў ба афзоиш оварда, дар соли 2010 ба 320 кг расид. Имсол ин нишондод ба 500 кг хоҳад расид.

Иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеъ, ҳамчунин 5 корхонаи дигари хусусӣ, аз ҷумла артелҳои Одина, Союз-зар ва Помир фаъолият доранд, ки онҳо низ истеҳсоли маҳсулотро сол ба сол афзоиш медиҳанд. Артели Одина соли гузашта 124 кг тилло ҷамъоварӣ намуда, имсол истеҳсоли онро 1,5 баробар афзоиш додааст.

Дар як корхонаи давлатӣ ва 5 артели хусусии заршўӣ беш аз ҳазор нафар бо кор ва маоши миёнаи 1,5 ҳазор сомонӣ дар 15 рўзи корӣ таъмин гаштаанд. Ин корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба андозаи 68 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 60% воридоти андоз ба буҷети маҳаллии ноҳияи Ховалингро таъмин кардаанд.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои 3 – ошёнаи маркази ташхисию табобатии хусусии ҷамоати деҳоти Шугноб мавриди баҳрабардорӣ ќарор гирифт, ки аз ҷониби артели Одина бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин маркази ташхисию табобатӣ дорои 32 кати хоб, шароити хуби муосир, аз ҷумла асбобҳои барқии ташхис, утоќҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, момодоягӣ, табобати бемориҳои кўдакон ва ғайра буда, барои хизматрасонӣ ба 8,5 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳот бо коргарони корхонаҳои заршўӣ ва 1,5 ҳазор аҳолии деҳоти наздики ноҳияҳои Муъминободу Тавилдара пешбинӣ шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин марказ дар зарфи 1 соли оянда ба ҳамаи ниёзмандон ва минбаъд ба аҳолии камбизоат бепул хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Дар ин марказ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки 8 нафари онҳо табибони дорои таҳсилоти олӣ буда, 2,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони як мактаб-интернат барои 300 нафар мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат оғоз бахшид, ки ҳамчунин аз ҷониби артели хусусии заршўии Одина дар зарфи 1,5 соли оянда бунёд меёбад. Минбаъд хизматрасонии мактаб низ аз ҳисоби ҳамин корхона ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар маркази ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти шаҳдбор, шириниҳои табиӣ, гулу гиёҳҳои бешумори шифобахш, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, нону кулча ва хўрокҳои лазизи занону духтарони соҳибҳунару хушзавќи кўҳистони тоҷик дидан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг бо иштироки масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ мулоќот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар кишвар ҳар сол беш аз 3 тонна тилло истеҳсол мегардад ва ќисмате аз он барои ғанӣ гардондани хазинаи давлат харидорӣ ва захира карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар зарфи 2 соли оянда истеҳсоли солонаи тилло аз конҳои мавзеъи Шугноб ба 1 тонна расонда шавад.

Корхонаҳои хусусии заршўии Шугноб уҳдадор шуданд, ки дар зарфи 1,5 соли оянда дар ин ҷамоат 3 мактаби нави замонавӣ ва 3 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла як корхонаи заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ, як коргоҳи дўзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ, як корхонаи захира ва коркарди гиёҳҳои шифобахш схта, ба истифода медиҳанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин доир ба афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520