Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Баҳрайн

28.05.2014 12:35, Баҳрайн

Рӯзи дуюми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн бо иштирок дар форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт.

Аз ҳарду ҷониб дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд.

Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир тавассути амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 40 имтиёз муайян карда шудааст.

Зимни суханронии Вазири саноат ва савдои Шоҳигарии Баҳрайн Ҳасан Фахру ва пурсишу посух бо соҳибкорони ин давлати пешрафтаи араб, аз ҷумла аён гардид, ки онҳо ба сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла энергетикаи барқӣ, нафту газ, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар бисёр ҳавасманд мебошанд.

Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти бисёри ҳамкорӣ ҳосил шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520