Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони Мамлакати Баҳрайн

29.05.2014 11:35, Баҳрайн

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манома, пойтахти Мамлкати Баҳрайн бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Мамлакати Баҳрайн Халифа ибни Аҳмад Заҳронӣ масоили вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ,  таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари сандаҳои нави баимзорасида баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва илму фарҳанг ва ҳамчунин ба таъсиси гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои машваратии Ассамблеи миллии (палатаи болоии Парлумони) Мамлакати Баҳрайн Алӣ ибни Солеҳ ас-Солеҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки зимни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн заминаи воқеӣ барои рушди муносиботи бисёрпаҳлуи дуҷониба гузошта шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520