Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Баҳрайн

28.05.2014 16:10, Баҳрайн

Бино ба даъвати Аълоҳазрат Подшоҳ Ҳамад ибни Исо Оли Халифа, Подшоҳи Баҳрайн, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27-29 майи соли 2014 ба Подшоҳии Баҳрайн нахустин сафари расмӣ анҷом доданд. Ҷаноби Олиро ҳайати баландпояи иборат аз шуморе аз вазирон, масъулони аршад ва соҳибкорон ҳамроҳӣ намуд. Ҷаноби Олӣ Президентро рӯзи 28 майи 2014 Аълоҳазрат  Подшоҳи Баҳрайн расман пешвоз гирифтанд ва бо тантана истиқбол намуданд. Аълоҳазрат Подшоҳ Ҳамад ибни Исо Оли Халифа, Подшоҳи Баҳрайн баъд аз гуфтушунидҳои расмӣ ба шарафи Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ оростанд.Ҷаноби Олӣ инчунин бо Волоҳазрат амир Халифа ибни Салмон Оли Халифа, Раиси Шӯрои Вазирон ва Волоҳазрат амир Салмон ибни Ҳамад Оли Халифа, Валиаҳд, Муовини якуми Сарфармондеҳ ва Муовини якуми Раиси Шӯрои Вазирон мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳои  расмӣ Тарафҳо ба жарфои муносибатҳои устувори дуҷониба, ки то ба таърихи муштарак ва фарҳанги пурғановат реша давонида, ба туфайли робитаҳои иқтисодии бемайлон фазоянда ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва пайвандҳои бародаронаи халқҳои ҳарду кишвар густариш ва шукуфоӣ ёфтаанд, ишора намуданд. Баррасиҳои густурдаи Тарафҳо дар фазои дӯстона ва бародаронаи холисона ҷараён ёфтанд ва гуфтушунидҳо шумори зиёде аз масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштаракро фаро гирифтанд.

Тарафҳо ба мувофиқат расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак таҳким ва тавсеа медиҳанд. Инчунин Тарафҳо ба мувофиқат расиданд, ки  мубодилаи сиёсӣ  дар сатҳи олӣ ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодию мардумиро тақвият диҳанд.

Тарафҳо қаноатмандии худро аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки  чунин рафтуомадҳо бештар хоҳанд буд, то муносибатҳои дӯстонаи мавҷуда такони дигар пайдо кунанд.

Тарафҳо қаноатмандии худро аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуда, ба сафарҳои масъулони сатҳи баланд дар солҳои охир ишора карданд. Чунончӣ, Тарафҳо аз сафари Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии  Баҳрайн ба Тоҷикистон дар моҳи марти  соли 2013 барои иштирок дар кори Нишасти ёздаҳуми Муколамаи ҳамкории Осиё дар сатҳи вазирон ва шарафи вохӯрии ӯ бо Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз сафари Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Баҳрайн барои иштирок дар кори Нишасти дувоздаҳуми Муколамаи ҳамкории Осиё  дар сатҳи вазирон рӯзи 25 ноябри соли 2013 истиқбол карданд.

Тарафҳо инчунин ба мувофиқат расиданд, ки  бо истифода аз абзорҳои ниҳодии мавҷуда ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд. Мувофиқат ҳосил шуд, ки бино бар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки дар Манома рӯзи 28 майи соли ҷорӣ ба имзо расид,  даври навбатии машваратҳо  дар нимсолаи якуми соли 2015 доир карда шавад.

Тарафҳо ҳамагуна шакл ва зуҳуроти терроризмро маҳкум карда, таъкиди омодагӣ намуданд, то дар соҳаи мубориза ба муқобили терроризм дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё, Ҷунбиши адами тааҳҳуд ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамкориҳои худ тақвият диҳанд.

Дар бобати ҳамкории иқтисодӣ Тарафҳо ба имкониятҳои афзудани ҳаҷми мубодилаи тиҷорати дуҷониба ишора карда, изҳор намуданд, ки робитаҳои тиҷоратии байни ду кишварро дастгирӣ хоҳанд кард. Тарафи баҳрайнӣ аз ҳайати баландпояи соҳибкорон, ки Ҷаноби Олӣ, Президентро ҳамроҳӣ менамуд, истиқбол кард.

Ҳар ду Тараф ба имкониятҳои фаровони афзоиши сармоягузории мутақобил ишора намуда, ба мувофиқат расиданд, ки фазои муносиби сармоягузориро барои сармоягузорони ҳарду кишвар аз тариқи мубодилаи мунтазам ва босуръати маълумот дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ омода намоянд. Тарафҳо омодагии худро барои  ташвиқи сармоягузорони баҳрайнӣ ва тоҷик барои сармоягузорӣ дар Баҳрайн ва Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҷониби Тоҷикистон ба аҳамияти Баҳрайн ҳамчун дарвозаи намунавӣ ба бозорҳои Халиҷ ишора кард.

Тарафҳо тақвими нақшаҳои  зербиноии ҳар ду кишварро мубодила намуданд ва аҳамияти густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, ба монанди иқтисод, маориф ва варзиш таъкид карданд. Инчунин табодули назар роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, саёҳат ва ҳавопаймоӣ сурат гирифт.

Тарафҳо аз имзои созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми зерин дар ҷараёни сафар истиқбол карданд:

  1. Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар;
  2. Созишномаи ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ;
  3. Созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата;
  4. Созишнома дар соҳаи ҳавопаймоӣ;
  5. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи фарҳанг ва фанноварӣ;
  6. Ёддошти тафоҳуми ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ;
  7. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ;
  8. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ.

Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла  роҷеъ ба вазъияти амният дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ табодули назар анҷом доданд. Тарафҳо ба зарурати ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз тариқи гуфтушунид таъкид карданд. Тарафҳо ба робитаҳои устувори Тоҷикистон бо кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ ишора намуда, уҳдадории худро барои тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ таъкид карданд.

Дар фаровард Ҷаноби Олӣ Президент сипоси худро ба Аълоҳазрат Подшоҳи Баҳрайн ва Волоҳазрат Раиси Шӯрои вазирон ва Волоҳазрат Валиаҳд, Муовини Сарфармондеҳ ва Муовини Раиси Шӯрои Вазирон барои ҳусни истиқбол ва меҳмоннавозӣ изҳор намуданд. Инчунин Ҷаноби Олӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Аълоҳазрат Подшоҳ Ҳамад ибни Исо Оли Халифа даъват намуданд, то аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони барои ҳар ду тараф муносиб боздид ба амал оваранд. Даъвати мазкур бо арзи сипос қабул гардид.

 

       Манома, 29 майи соли 2014

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520