Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Баҳрайн

28.05.2014 12:34, Баҳрайн

Бисмиллоҳи – раҳмонир – раҳим,
Муҳтарам ҷаноби Ҳасан Фахру,
Дӯстони азиз,
Ҳозирини гиромӣ,

Пеш аз ҳама, мехостам ба ҳамаи шумо дуруд гуфта, ба кори ин ҳамоиш комёбӣ ва ба созмондиҳандагони он барои муҳайё сохтани шароити мусоиди кори муштарак арзи сипос намоям.

Ман баргузории чунин як ҳамоишро дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба басо муҳим медонам ва дар ояндаи наздик таъсиси Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Баҳрайнро комилан зарур меҳисобам.

Мо иншооллоҳ имрӯз бо Аълоҳазрат Подшоҳи Мамлакати Бахрайн шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа имкониятҳои густариши ҳамкориҳоямонро ба нафъи ҳар ду миллат ва кишвар муфассал баррасӣ хоҳем кард. Ва ман умедворам, ки тавофуқоти мо дар арсаи иқтисодӣ ҷанбаи амалӣ касб хоҳад намуд.

Мо мехостем, ки гурӯҳи манфиатдори соҳибкорони Баҳрайн низ дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон оянд, бо бахшҳои мухталифи иқтисоди кишварамон ошноӣ пайдо кунанд, аз баъзе корхонаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии он боздид намоянд. Мо сидқан хоҳони онем, ки шумо ҳарчи бештар дар бораи иқтисодиёти мо ва имкониятҳои он маълумот дошта бошед, то аз сармояи ба он мегузоштаатон мутмаин гардед.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои араб, бахусус давлатҳои Халиҷ, таваҷҷуҳи хос дорад. Зеро бо ин кишварҳо ва халқҳо равобити дерини таърихӣ, пайвандҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ ва манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ дорад.

Дар 20 соли охир ман ба аксарияти кишварҳои араб сафарҳои расмию дӯстона анҷом додам. Дар баъзе аз онҳо намояндагиҳои давлати Тоҷикистон ба кор шурӯъ кардаанд. Акнун вақти он расидааст, ки сатҳи равобити гуногунарсаи Тоҷикистону Баҳрайн низ ба таври ҷиддӣ тағйир дода шуда, сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштараки дарозмуддат ва имкониятҳои ғании мавҷуда гардад.

Дар маҷмӯъ, мо тамоми имконоти мусоидро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷониба ва сатҳи муосирро ба роҳ монем, зеро ин ба нафъи дӯстии таърихии мардумони ду кишвари дӯст мебошад.

Кишварҳои мо ва мардуми онҳо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, имрӯз қодиранд ҳамкории судоварро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ (иртиботӣ), илму технологияҳои муосир ва фарҳанг ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Мамлакати Баҳрайн, ки маркази байналмилалии бонкӣ буда, захираҳои фаровони молиявӣ дорад, метавонад аз тариқи тиҷорат, бо сармоягузории мустақим, қарзҳои имтиёзӣ ва саҳмгирӣ дар рушди низоми молиявии Тоҷикистон фаъолияти густурдаро ба роҳ монад.

Имрӯз дар суҳбати хосса бо Аълоҳазрат ман чанд пружаҳои ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҳамкориҳои мо муҳимро матраҳ хоҳам кард ва назари мусбаташон дар ин мавзуъ моро рӯҳбаланд хоҳад намуд.

Иншооллоҳ, татбиқи амалии ин тарҳҳо сатҳу сифати ҳамкориҳои моро хеле боло хоҳад бурд.

Мо имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии кишварамон барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамоем. Дар солҳои 2012-2014 дар кишвари мо зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории ҷалбкардаи Ҳукумати Тоҷикистон ва лоиҳаҳои бо ҷалби маблағгузории мустақим амалӣ карда мешавад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ин, қабл аз ҳама, ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёди инфрасохтори туризм ва нақлиётиву иртиботии мо марбут аст.

Дар ин самт бо мо, аз ҷумла, Чин, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Қатар, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ менамоянд. Вале татбиқи муваффақонаи тамоми маҷмӯи барномаҳои таҳияшуда сармоягузории бештари хориҷиро тақозо дорад.

Тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва дорои хислати афзалиятнок мебошанд.

Зиёда аз ин, дар Тоҷикистон алъон чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмӯъ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорон зиёда аз 40 намуди имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки ин барои фаъолияти самараноки иқтисодии онҳо шароити мусоид фароҳам месозад. Ин ҳолат ба соҳаи ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ низ дахл дорад. Мамлакати Баҳрайн дар ин соҳа таҷрибаи бузург дорад ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин арса барои мо аз самтҳои афзалиятнок мебошад.

Ташкили хатти парвози мустақим миёни пойтахтҳои ду давлат ва танзими беҳтари реҷаи раводид барои шаҳрвандони ду ҷониб ва густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои туризм, маориф, тандурустӣ ва табодули неруи корӣ мувофиқи мақсад аст.

Имкониятҳои сармоягузории арсаи иқтисоду бахшҳои дигари рушди Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои калон ва ҳам миёнаю хурд иртибот доранд.

Яке аз чунин самтҳо ин бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ мебошад. Гидроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмини рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, зеро тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид меёбанд.

Масъалаи сохтмони хаттҳои интиқоли нерӯи барқ – КАСА – 1000 - барои содироти он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Афғонистон ва Покистон, дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва дар масоили амалӣ намудани он, ки арзишаш зиёда аз 1 миллиард доллар аст, мо ба Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории босамар ва муассир дорем.

Нерӯи барқи обӣ аз ҷиҳати арзиши аслӣ ва экологӣ нисбат ба дигар намудҳои манбаъҳои энергетикӣ бартарӣ дошта, талабот ба он рӯз то рӯз дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа зиёд гардида, он дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва стратегӣ мебошад.

Обҳои тозаю мусаффои мо аз пиряхҳои кӯҳҳои Помир – «Боми ҷаҳон» –сарчашма мегиранд, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8,5 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки бар асари тағйирёбии иқлим аз 14 ҳазор пиряхҳо ҳазортои он нест шудаанд, вале Тоҷикистон то ҳол чун сарчашмаи асосии об барои минтақа хизмат мекунад.

Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 кону маъданиёт кашф ва барои азхуд намудан омода карда шудааст. Аз ин теъдод имрӯз танҳо 40 кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.

Рушди босуръати раванди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, тавсеаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар кишвар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмониро тақозо менамоянд. Хушбахтона, дар кишвар захираҳои табиии зиёде вуҷуд доранд, ки дар соҳаи сохтмон аз онҳо метавон истифода кард.

Табиати зебо ва иқлими мусоиди кишвар имкон медиҳад, ки сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззат парвариш карда шаванд. Аз ин лиҳоз, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар як қатор арсаҳои ҷолиб мавҷуданд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, замбури асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти оби баландсифати нӯшокӣ – бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна – аз лиҳози иқтисодӣ барои шарикони баҳрайнии мо фоидавовар хоҳад буд. Зимнан гуфтанӣ ҳастам, ки ман дар меҳмонсарои Шумо обҳои истеҳсоли аврупоиро дидам. Чаро мо бо талоши муштарак наметавонем содироти чунин обҳоро аз Тоҷикистон ба Баҳрайн ба роҳ монем, ки онҳо аз лиҳози сифат аз он обҳо ҳеҷ камӣ надоранд ва, баръакс, аз бисёр ҷиҳат бартарӣ доранд?

Коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия арсаи дигари ҳамкориҳо шуда метавонад, ки ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардида, ба сармоягузорон имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони эҳтимолиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин соҳа пуштибонӣ намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли охир чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил гардидаанд. Айни ҳол онҳо фаъолияти худро батадриҷ ба роҳ монда истодаанд, агарчӣ таҷрибаи кориашон ҳанӯз нокифоя аст.

Ширкатҳои Баҳрайн ва соҳибкорони алоҳида метавонанд дар ташкили фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоянд.

Самти дигари афзалиятноки ҳамкориҳо таъсис ва рушди фаъолияти корхонаҳои муштарак шуда метавонад. Дар доираи фаъолияти корхонаҳои муштарак мо метавонем лоиҳаҳои сармоягузории самтҳои гуногунро татбиқ намоем Аз ҷумла ман истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва ғайраро дар назар дорам.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон табиати зебои нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои рушди соҳаи туризм, махсусан сайёҳии кӯҳиро дорад ва соҳибкорони Баҳрайн метавонанд дар ин арса низ бо мо ҳамкории муфид дошта бошанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори туризм ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла барои рушди туризми экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кӯҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузорони Баҳрайнро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои зикргардидаи афзалиятнок бодиққат омӯхта, пуштибонӣ намояд ва масъалаҳои бамиёномадаро бидуни таъхир ҳал кунад.

Аксарияти Шумо акнун бо шароиту имконоти Тоҷикистон ғоибона ошноӣ пайдо кардед. Ҳоло дар ин ҷо вазирони бахшҳои гуногуни иқтисоди мо ҳузур доранд ва метавонанд ба Шумо дақиқ ва муфассал дар бораи ҷузъиёти лоиҳаву тарҳҳо суҳбат намоянд. Боварӣ дорам, ки сафари ояндаи Шумо ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои корию дӯстона дар вуҷуди ҳар яки шумо майли ҳамкориро, бештар хоҳад кард.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо завқу ғайрат ва аз Парвардигор бароятон баракат таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520