Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.11.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Соли сеюм аст, ки рўзи Парчами Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукўҳу тантана таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву хонаободӣ орзу менамоям.

Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.

Вақте ки мо имрўз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ - рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.

ҳар як фарде, ки имрўз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд.

Мардуми шарафманди тоҷик имрўз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо хуррамиву хушбахтӣ, осоиши рўзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозии ҷовидонаро орзу менамоям.

Бигзор парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик ҳамчун шўълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад!

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520