Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк

03.12.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили мавриди таваҷҷўҳи ду кишвар дар муносиботи дуҷониба ва мавзўъҳои ҳамкории минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

ҳарду ҷониб бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон таъкид намуданд.

Роберт Блейк ба мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши он дар рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати ҳамаҷониба ба эҳёи эътидолу низом дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Зарурати зиёд намудани истеҳсоли нерўи барқ дар Тоҷикистон ва кашидани хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА – 1000 ба Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сохтмони роҳҳои нави минтақавии оҳану мошингард ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ таъкид гардид.

Аз ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Амрико, ки ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ равона гаштааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520