Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс

05.12.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунарсаи ду ҷониб баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва баҳогузории иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос намуд.

Зикр гардид, ки дар зарфи 15 соли ҳамкорӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 миллион доллари амрикоӣ кўмак расондааст. Дар ҳоли ҳозир 16 лоиҳа бо маблағи умумии 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд. Тибқи иттилои Теодор Алерс, соли оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии рушди Тоҷикистон 60 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2011 22 миллион зиёд мебошад.

Теодор Алерс аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, ки аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ сурат мегирад, гузориш дода, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, то ки судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин нерўгоҳ барои оянда таъмин гардад.

Теодор Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии нерўи барқ дар фасли зимистон, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани ин ва дигар имконоти ин кишвар ба он кўмак мерасонад.

Гуфтугў, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520