Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

05.12.2011 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи бунёди нерўгоҳи Роғун машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат доир ба рафти корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони ин иншоот, истифодаи ҳадафмандона ва сарфакоронаи маблағҳои ҷудошуда, сифати корҳо ва ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалӣ оид ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Бинобар таъкиди Президенти кишвар, ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд баръало донад, ки ин иншоот бояд садсолаҳо ба Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат кунад.

Таъкид гардид, ки принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байналмилалии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад.

Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки истифодаи босамар ва сариштакоронаи ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520