Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологияи тоҷик

09.12.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Чанд лаҳза пеш, мо ба идомаи корҳои созандагиву бунёдкории мардуми шарифи Тоҷикистон, ки хусусан имсол, яъне соли бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа авҷи бесобиқа гирифтааст, бинои осорхонаи геологиро барои ниёзмандони илму дониш, сокинони пойтахт ва меҳмонони мамлакат ифтитоҳ намудем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми геологҳои кишвар ва шумо – ҳозирини гиромиро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳамаи мутахассисон ва онҳое, ки барои ҷамъ овардану ба танзим даровардан ва ба намоиш гузоштани беш аз чоруним ҳазор намунаи сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои дароз заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.

Осорхонаи мазкур барои олимону мутахассисон, донишҷўён ва ҳамаи онҳое, ки ба илми заминшиносӣ ва боигариҳои табиии кишварамон таваҷҷўҳ доранд, бешубҳа тўҳфаи арзандае мебошад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими шаҳрҳои бузург аз қадимулайём дар он ифода меёбад, ки онҳо маркази илму фарҳанг, нишондиҳандаи сарватҳои миллӣ ва иқтидору дастовардҳои кишвар мебошанд.

Шаҳр ва хусусан пойтахти мамлакат бо театру китобхона, осорхонаву нигористон ва дигар муассисаҳои илмиву фарҳангии худ ифтихори ҳар як давлат ҳисобида мешавад.

Дар ин замина, осорхонаҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва суннату ойинҳои миллӣ буда, ҳамзамон бо ин, табиат ва боигарии кишварро инъикос мекунанд. Аз ин лиҳоз, осорхонаи геологии мо дар байни дигар осорхонаҳо мақоми хоса дорад.

Зеро Ватани мо саросар кўҳсор буда, оламиён онро ҳамчун Боми ҷаҳон ва кишвари кўҳҳои пур аз ганҷ мешиносанд. Дар даврони сохти гузашта Тоҷикистонро «осорхонаи табиии геологӣ» меномиданд ва қаламрави он барои геологҳои он замон ба ҳайси мактаби таҷрибаи пешқадам истифода бурда мешуд.

Имрўз низ олимону мутахассисони аксар кишварҳо тадқиқот ва ақидаҳои илмии хешро дар мисоли геологияи Тоҷикистон ташаккул медиҳанд.

Барои ҳар кадоми мо аз таърихи пурғановати халқамон маълум аст, ки мардуми зебопараст ва тамаддунсозамон аз давраҳои қадим дар рўзгори худ сангҳои қиматбаҳо ва ороишоти аз боигариҳои зеризаминӣ сохташударо васеъ истифода мекарданд.

Ёқуту лаъл ва фирўзаву дигар сангҳои қиматбаҳои сарзамини аҷдодии мо, масалан лаъли Бадахшон аз замонҳои бисёр қадим дар тамоми ақсои олам маъруф буданд.

Аз ҷумла шаддаи тиллоии Маликаи Саразм, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо гардидааст ва таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Тибқи маълумоти фаровони сарчашмаҳои таърихӣ ҳанўз дар асрҳои пеш аз мелод шоҳони Мисру Бобулистон, Ошуру Мидия ва дигар давлатдорони Шарқу ғарб ба сарватҳои табиии Бохтар ва Суғди қадим, аз ҷумла сангҳои гаронбаҳо ва тиллову нуқраи ин сарзаминҳо таваҷҷўҳи зиёд доштаанд.

Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки дар осорхонаи геологиамон доир ба боигариҳои рўизаминӣ ва зеризаминии кишвар ҳарчи бештар маълумот ва маводи инъикоскунандаи сарватҳои табиии мамлакатро гирд оварда, барои тамошо ва маълумоти мутахассисони соҳаҳои гуногун ва сокинону меҳмонони Тоҷикистон вогузор намоем.

Як масъаларо борҳо таъкид карда будам ва мехоҳам онро бори дигар хотиррасон намоям, ки Тоҷикистони мо кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рўи замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд.

Барои ин моро зарур аст, ки аз ин сарвати худодод ҳарчи бештар ва самараноку оқилона истифода намоем.

Албатта, омўзиш ва мавриди истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Боигариҳои зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд ва истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷўву заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тўлониро тақозо менамояд.

ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки саҳми шумо – геологҳо, ҷўяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминӣ дар кушодани асрори кўҳҳои пурганҷи сарзамини мо хеле бузург аст ва ҳукумати мамлакат аз меҳнати басо мушкилу тоқатфарсо, вале пурифтихору ватандўстонаи шумо воқиф мебошад.

Маҳз меҳнати софдилона ва масъулияти баланди мутахассисони соҳаи геологияи мо буд, ки имрўз беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ дар гўшаҳои гуногуни кишварамон кашф ва қисман омодаи истифода қарор гирифтаанд.

Омўхтани шароити сохтмони иншооти саноативу иҷтимоӣ, тавсия намудани усулҳои бехатари бунёди обанбору сарбандҳо, таҳкурсии биноҳои мухталиф, ҷустуҷўи обҳои зеризаминӣ ва монанди инҳоро, ки аз омўзиши конҳо аҳамияти камтар надоранд, низ шумо ба ўҳда доред.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки беш аз 8 ҳазор пармачоҳи обкашии дар ҳудуди мамлакат фаъолияткунанда низ маҳсули заҳмати шумо мебошад. Саҳми шумо дар муайян кардану омўхтани хусусиятҳои маҳалли сохтмони иншооти азими энергетикӣ, аз ҷумла нерўгоҳҳои барқи обии Норак, Роғун ва дигар нерўгоҳҳои хурду миёна, ки аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини замони муосир ба ҳисоб мераванд, хеле назаррас мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб мегардад, ки эҳтиёҷоти худро ба аксари намудҳои ашёи минералӣ аз ҳисоби захираҳои худӣ таъмин карда метавонад.

Дар баробари ин, истихроҷу истифодаи васеи саноатии захираҳои яке аз бузургтарин конҳои нуқра - Конимансури калон, конҳои тиллои водии Зарафшон, аз ҷумла Кончоч, Мосриф, Чоре, конҳои селестини минтақаи Кўлоб, Чилтоҷу Гулисой, кони бори Якархар, сангҳои қиматбаҳои Бадахшон ва антратсити аз ҷиҳати сифат дар дунё беҳамтои Назарайлоқ, ки ифтихори миллии мо мебошанд, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон мусоидат карда, даҳҳо ҳазор коргарону мутахассисонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намояд ва боиси воридоти технологияҳои пешрафтаи муосир ва ташкили соҳаҳои нави саноат гардад.

Яъне Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳисоби нуқра, сурма ва антрасит ҷойҳои муносибро ишғол мекунад.

Дар замони муосир низ, хусусан дар шароити давлати соҳибистиқлол иқтисоди кишварамонро бидуни корхонаҳои бузурги саноати маъданкоркунӣ, аз қабили корхонаи тиллои Зарафшон, комбинати симобу сурмаи Анзоб, сурбу руҳи Адрасмон, корхонаи сурбу руҳи «Зарнисор», металлҳои нодири Тоҷикистони Шимолӣ, комбинати шаҳри Чкаловск, комбинати сементбарории шаҳри Душанбе ва даҳҳо корхонаҳои индустрияи сохтмонӣ тасаввур кардан душвор аст.

Бо вуҷуди ин, то ҳанўз мо баъзе намудҳои ашёи минералиро бо нархи гарон аз кишварҳои дигар харидорӣ мекунем.

То имрўз гилхок барои корхонаи алюминии тоҷик, суперфосфат барои соҳаи кишоварзӣ ва баъзе масолеҳи маъмули сохтмон, аз ҷумла асбесту гаҷ, кокс, ангиштсанг, газ ва маҳсулоти нафт, маҳсулоти металлургияи сиёҳу ранга аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Ин дар ҳоле, ки дар сарзамини мо қариб ҳамаи намудҳои ашёи минералии зикршуда мавҷуданд. Масалан, айни ҳол захираи кони оҳани Шоҳқадамбулак, ки дар ноҳияи Бобоҷон ғафуров воқеъ мебошад, пурра омўхта шудааст ва истифодаи васеи он метавонад солҳои дароз барои пешрафти соҳаи саноати металлургияи сиёҳ дар Тоҷикистон хизмат намояд.

Мутахассисони соҳа дар ноҳияҳои Рўшону Варзоб конҳои оҳанро кашф намудаанд. Дар ноҳияи Рашт кони сионитҳои нифелиндор кашф шудааст, ки метавонад барои истеҳсоли алюминий истифода гардад. Дар водии Зарафшон кони фосфоритҳо кашф шудааст.

Айни замон корҳои ҷустуҷўиву геологӣ дар кони Пасирўди ноҳияи Мурғоб босуръат идома доранд ва дар назар аст, ки баъди ҳисобу китоби захираҳо солҳои наздик дар ин минтақа корхонаи коркарди маъдан сохта, ба истифода дода шавад.

Инчунин дар кони тиллои Чулбоӣ ва сурбу руҳи Ёкунҷ корҳои ҷустуҷўиву геологӣ идома доранд ва гирифтани натиҷаи мусбат дар ин конҳо низ дар назар аст.

Бо вуҷуди ин ҳама, конҳои ҳанўз кашфнагардида дар қаламрави мамлакатамон зиёданд. Боиси ифтихор аст, ки геологҳои кишварамон дар назди худ нақша гузоштаанд, ки аз ҳисоби захираҳои тантали дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб омўхташуда, дар ҷаҳон ба ҷои аввал бароянд.

Мо ҳамчунин имконият дорем, ки ҳамаи намудҳои масолеҳи сохтмонро дар заминаи конҳои худӣ истеҳсол намуда, эҳтиёҷоти кишварамонро ба маводу масолеҳи сохтмон таъмин созем.

Танҳо масъулони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳоро лозим аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала пайваста андеша намоянд ва роҳҳои истифодаи конҳои худӣ, маблағгузории истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин корҳои ҷустуҷўиву геологӣ ва иктишофии конҳои навро тавассути ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ҷустуҷў кунанд.

Дар баробари ин, таваҷҷўҳи шуморо боз ба як самти дигари масъалаи зикршуда ҷалб карданӣ ҳастам.

Тавре ки мушоҳида мекунем, имрўз дар бозору мағозаҳои мамлакат бисёр намудҳои маводу масолеҳи сохтмон аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. ҳол он, ки аксарияти навъҳои чунин маҳсулотро дар Тоҷикистон истеҳсол кардан мумкин аст.

Масалан, дар атрофи пойтахтамон минтақаҳои дорои захираҳои калони масолеҳи табиии сохтмон, аз ҷумла кони санги хоро ё гранит хеле зиёданд. Зарур аст, ки корхонаҳои коркарди ин намуди сангро ташкил намуда, маҳсулоти тайёр ба бозор бароварда шавад.

Дўстони азиз!

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии солҳои пешин дар натиҷаи фаъолияти мутахассисони Саридораи геология то имрўз ба хазинаи давлат беш аз 28 тонна тиллои кони Покруд ворид гардида, майдони тиллодори Мосриф бо захираи 75 тонна ва Покруд бо 86 тонна тилло муайян карда шудаанд.

Чанде пештар ҳангоми боздид аз корхонаҳои заршўии Шугноби ноҳияи Ховалинг ва инчунин дар ҷараёни ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи муштараки «Зарафшон» вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдорро оид ба рушди соҳаи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тилло, ки барои таҳкими имкониятҳои иқтисодии давлат нақши бисёр муҳим дорад, муайян карда будам.

ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки барои иҷрои онҳо дар мўҳлатҳои муқарраршуда бояд тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба рушди соҳа бояд махсус таъкид намоям, ки ташкилотҳои соҳаи геологияи мамлакат имрўз ба мутахассисони касбҳои гуногуни ҳам дорои маълумоти олӣ ва ҳам дорои маълумоти миёнаи махсус, аз қабили геологҳо, геофизикҳо, гидрогеологҳо, муҳандисон-геологҳо, мутахассисони техникаи иктишофи ашёи минералӣ, механикҳои мошинҳо ва таҷҳизоти геологӣ, барномарезони соҳа ва монанди инҳо эҳтиёҷ доранд.

Барои соҳа дар маҷмўъ мутахассисони беш аз 50 ихтисос зарур мебошанд. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои лоиҳавӣ шумораи зиёди коргарони касбӣ, яъне кўҳканҳо, пармагарон, таркишгарон, ронандагони нақлиёти калонҳаҷм ва кафшергарон заруранд.

Аз ин рў, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Саридораи геология аз соли хониши 2012 сар карда, дар давоми 5 соли оянда барои ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ фиристодани теъдоди зарурии донишҷўён аз рўи ихтисосҳое, ки соҳаи геология ба онҳо эҳтиёҷ дорад, чораҷўӣ намояд.

ҳамчунин зарур аст, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои пешрафта, ки дар ин соҳа таҷрибаи хуб доранд, шартномаҳои дарозмуддат баста шаванд.

Мо бояд ин соҳаи барои иқтисодиётамон муҳимро мунтазам тараққӣ диҳем, зеро барои рушди иқтисоди миллиамон соҳаи геология баробари соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.

ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ маблағгузориро барои иҷрои корҳои геологӣ ва умуман рушду тараққӣ додани соҳаи геология солҳои охир хеле зиёд намуда, ҳамзамон бо ин ният дорад, ки ин иқдомро солҳои минбаъда низ идома бахшад.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ» аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон то имрўз ба корхонаҳо ва ширкатҳо 313 иҷозатнома дода шудааст, ки аз онҳо 70 иҷозатнома барои омўзиши геологии қаъри замин ва 243 иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок мебошад.

Барои пешбурди корҳои омўзиши геологӣ аз ҳисоби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар ҳаҷми 207 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд рўз қабл баргузор гардид, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 қабул карда шуд.

Дар ҳуҷҷати мазкур фаъолияти минбаъдаи соҳаи геология дар самти ҷустуҷўву иктишофи захираҳои табиии Тоҷикистон, ба истифодаи саноатӣ омода намудани конҳо ва дар маҷмўъ рушди самтҳои афзалиятноки саноати маъдани кишвар муайян гардидааст.

Мақсади асосии Барномаи давлатӣ афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва ба нақша гирифташуда буда, инчунин таъмини талаботи саноати кишвар бо захираҳои ашёи минералӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти кишвар аз воридоти ашёи маъданӣ мебошад.

Барнома имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххаси омўзиши кону зуҳуроти канданиҳои фоиданоки мамлакат тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ карда шаванд. Тибқи сиёсати давлат дар Барнома самтҳои афзалиятноки омўзиш ва кашфи конҳои нави гилхоки алюминий, оҳан, тилло, флюрит ва дигар маъданҳо муайян карда шудаанд.

Бинобар ин, Вазорати молия ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки доир ба маблағгузории корҳои ҷустуҷўии геологии дар Барнома пешбинишуда мунтазам чораҷўӣ намоянд.

ҳамчунин зарур аст, ки корҳои вобаста ба омўзиш ва иктишофу истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо ба таври шаффоф ва тибқи озмун сурат гирифта, дар ин раванд ба воридоти технологияҳои пешрафтаи муосир, аз ҷумла барои коркарди сангҳои ороишӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Бовар дорам, ки роҳбарону масъулон ва мутахассисону кормандони соҳибтаҷрибаву баландихтисоси соҳаи геология аз иҷрои вазифаҳои гузошташуда шарафмандона мебароянд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ифтитоҳи осорхонаро ба ҳозирини арҷманд табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва кашфи сарватҳои навро ба нафъи фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол орзумандам.

Ҳамеша хонаи ободу баракати рўзгор насибатон бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520