Субҳи имрўз дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Алмазбек Атамбаевро бо интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Қирғизистон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори устувори рушди сулҳомезу босуботи Қирғизистони ҳамсоя мебошад».
Зимни суҳбати пурмуҳтаво доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва ҳамгироии минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Қирғизистон сарони ду давлат ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судманд, таҳкими дўстӣ ва ҳамсоягии наку таъкид доштанд.
Зикр гардид, ки кори Шўрои байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, Комиссияи муайянсозии хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти корӣ ҷоннок карда шавад.
Ҳавасмандии ду ҷониб ба идомаи ҳамкорӣ доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи КАСА – 1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Покистону Эрон таъкид гардид.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин оид ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, аз ҷумла авзои кунунии Афғонистон ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.