Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»

28.12.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Фарзандони азиз!
Устодон ва ҳозирини гиромӣ!

Хеле шодам, ки имрўз дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо шумо аз наздик дидору мулоќот менамоям ва дар симои ҳар яки шумо дилгармиву меҳрубонии хосаро мушоҳида мекунам.

Бинобар ин, ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва ҳайати омўзгорону мураббиёни ин муассисаи таълимиву маърифатиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, рўҳи болидаву иродаи ќавӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, бахусус таълиму тарбия ва тавонбахшиву мутобиќгардонии онҳо ба зиндагии фаъолона аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Барои расидан ба ин ҳадафи нек ва иҷрои ин рисолати инсонӣ мо дар давоми солҳои охир хеле иќдомоти муҳимро амалӣ гардонидем.

То имрўз барои пиронсолон ва дигар шахсони ба ёрии иҷтимоӣ ниёздошта танҳо дар сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳафт хона-интернат, чор осоишгоҳ барои собиќадорони ҷангу меҳнат, як маркази миллии тавонбахшӣ барои наврасон ва кўдакон, як литсей-интернати касбии маъюбон ва корхонаи протезиву ортопедӣ, сивупанҷ шўъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, чордаҳ маркази минтаќавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои будубоши рўзона амал намуда, ба ниёзмандон ќариб бист намуди хизматҳои иҷтимоии равониву тиббӣ ва ҳуќуќиву маслиҳатӣ мерасонанд.

ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат аз тариќи муассисаҳои тобеи вазорати мазкур ба зиёда аз бист ҳазор нафар эҳтиёҷмандон хизматҳои гуногуни иҷтимоии давлатӣ расонида мешаванд.

Дар тўли бист соли истиќлолият шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ барои маъюбону пиронсолон ва шахсони бесаробонмонда сездаҳ адад афзуда, шумораи ҷойҳо дар муассисаҳои статсионарӣ 520 адад зиёд шудааст. Номгўи хизматҳои иҷтимоии давлатӣ аз се намуди замони то истиќлолият имрўз ба бист номгўи мутобиќ ба меъёрҳои байналмилалӣ расидааст.

Маблағгузории муассисаҳои зикршуда мунтазам афзоиш ёфта, соли ҷорӣ нисбат ба панҷ соли пешин якуним баробар афзудааст. Имрўз барои нигоҳубини як нафар бошандаи муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлат дар як моҳ ќариб 800 сомонӣ харҷ мегардад.

Сифати хизматрасонӣ ва сатҳи табобати пиронсолону маъюбон рўз то рўз беҳтар гардида, бар замми ғамхориҳои доимии давлату ҳукумат ба онҳо мунтазам аз ҷониби сарпарастон ва шахсони саховатпеша кўмаку дастгирӣ расонида мешавад.

Масалан, танҳо дар давоми ду соли охир ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ кўмакҳои хайрия ворид гардидаанд.

Ман аз тамоми шахсони ҳимматбаланду саховатпеша, соҳибкорону тоҷирон бори дигар даъват ба амал меорам, ки аз чунин муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимону маъюбон, шахсони эҳтиёҷманд ва оилаҳои камбизоат кўмаки худро дареғ надоранд, зеро тибќи ҳадиси Расули акрам ҳар касе, ки дили ятиму маъюб ва дастнигару мўҳтоҷеро шод мегардонад, ба подоши он савоби биҳиштро соҳиб мегардад.

ҳозирини гиромӣ!

Дар низоми муассисаҳои иҷтимоӣ Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон» дар самти таълиму тарбия, касбомўзӣ ва ба ҳаёти мустаќилона роҳнамоӣ кардани шахсони имконияташон маҳдуд наќши калон дорад.

Ин даргоҳи касбу ҳунар ҳанўз соли 1948 барои касбомўзии маъюбони ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуда, аз соли 2001 ҳамчун литсей-интернати касбии махсуси маъюбон фаъолият дорад.

Дар ин муассиса касбомўзӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд аз рўи 5 ихтисос, аз ҷумла оид ба таъмиру хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион, мутахассиси техникаи компютерӣ ва интернет-технология, дўзанда, ҳисобдор ва пойафзолдўз ба роҳ монда шудааст.

ҳоло дар ин муассиса ќариб 270 нафар хонандагони имконияташон маҳдуд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таҳсил ва табобат фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 50 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Таҳсилу истиќомати шогирдон дар ин муассиса аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, барои онҳо ҳамаи шароити зарурӣ, аз ҷумла хобгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст.

Хонандагон бо се ваќт хўроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мебошанд. Ба шогирдони ин даргоҳ ќариб 100 нафар омўзгорону мураббиён ва устоҳои таълими истеҳсолӣ хизмати шабонарўзӣ мерасонанд.

Тайи солҳои соҳибистиќлолӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсилу истиќомати хонандагони ин муассиса диќќати махсус зоҳир гардида, танҳо дар давоми 5 соли охир маблағгузории он 5 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, соли 2010 ҳамаи иншооти ин таълимгоҳ аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон ба маблағи ќариб 2 миллион сомонӣ таъмиру таҷҳизонида шуд.

То имрўз ин муассисаи таълимиро беш аз 2000 нафар хатм намуда, алҳол дар соҳаҳои гуногуни иќтисоди кишвар кору фаъолият доранд ва саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузошта истодаанд.

Дар робита бо ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки рисолати ҳар шахси огоҳ дар зиндагӣ саъю кўшиш ба сўи инсони комил, яъне соҳиби саводу маърифат ва илму дониш шудан, касбу ҳунар омўхтан ва накўкору хайрхоҳу саховатпеша будан аст.

Чунонки дар урфият мегўянд, маъюб он нест, ки бадани заиф дорад, маъюб он аст, ки иродааш заиф аст.

Воќеан, аз дасту бозуи солиме, ки ба хотири ободии хонаву дари хеш ва Ватану сарзамини худ хиште болои хишт намегузорад, на барои ҷомеа ва на барои давлат фоидае нест.
Баръакс, зиёданд шахсоне, ки бо вуҷуди нуќси табиӣ доштанашон боғайрату ҳимматбаланд мебошанд ва кўшиш мекунанд, ки барои ободиву осудагии ҷомеаву давлат ба ќадри имкону тавонашон ҳиссагузор бошанд.

Бинобар ин, шумо - фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ худро танҳову носолим эҳсос накунед ва шукрона кунед, ки Худованд ба шумо аќли солим ва иродаи матин ато намудааст. Шукрона кунед ва барои рушди ин неъмати худодод бо азму иродаи ќавӣ талош варзед.

Итминон дошта бошед, ки аз ҷониби ҳукумат ҳар кўмаку дастгирие, ки зарур аст, барои шумо минбаъд низ расонида хоҳад шуд, зеро аз ибтидои соҳибистиќлолиамон ҳифзу ҳимоя ва сарпарастии гурўҳҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои асосии давлату ҳукумат эълон шудааст ва дар оянда низ чунин мемонад.

Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳеҷ як ятиму бепарастор ва шахси ниёзманд аз ғамхориву дастгириҳои доимии давлату ҳукумат бебаҳра нахоҳад монд.

Дар навбати худ, ҳар яки шумо бояд ҳамеша дар андешаи пайдо намудани мавќеи муносиб дар ҷомеа бошед ва ба таври возеҳ дарк намоед, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозед.

Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2005 то имрўз ќариб 100 нафар хатмкардагони ин муассисаи таълимӣ бо истифода аз имтиёзҳои барои онҳо муќарраршуда ҷиҳати давом додани донишомўзии худ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд.

Дар ҷавоб ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат ҷавонони баору номуси ин даргоҳ сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуди ҷисмониашон дар мусобиќаҳои гуногуни варзишӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, бо кўшишу ғайрати худ борҳо намунаи ибрати дигарон гардидаанд.

Онҳо аз соли 2002 дар мусобиќаҳои бонуфузи Бозиҳои олимпии махсус дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуда, соҳиби медалҳои тиллову нуќра ва муҳимтар аз ҳама, соҳиби шўҳрату эътибор гардидаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ин гуна ҷавонони боғайрату матинирода таҳсину офарин мегўям.

ҳамчунин бояд гуфт, ки завќи баланд ва ҳисси зебоипарастии ҷавондухтарону ҷавонписарони ин даргоҳ намунаи ибрат ва ќобили дастгирист.

Дар ин муассиса аз ҳисоби хонандагони боистеъдоду фарҳангдўст дастаи ҳунарии «Дилсўз» ташкил карда шудааст, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, дар ќатори ҳунармандони касбӣ барои тарғибу ташвиќи суннатҳои фарҳангии аҷдодамон ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дасту дили гарми шумо - фарзандони азиз, ба кору зиндагӣ ва саҳмгузориатон дар шукуфоии Ватани азизамон моро водор месозад, ки ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтар ҷиҳати таҳсилу тавонбахшии шумо ва ҳамаи онҳое, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, тадбирҳои боз ҳам бештар андешем.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва устодону мураббиёни ин даргоҳи касбу маърифатро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон хониши аъло, бахту саодат ва иродаи ќавӣ орзу менамоям.

Бигзор, дар Соли нав ҳамаи орзуҳои шумо амалӣ гарданд!
ҳамеша саломату сарбаланд ва зиндадилу матинирода бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520