Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе

14.07.2014 17:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд.

Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад. Оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои онҳоро хуш пазируфта, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520