Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Қурғонтеппа тавассути телефон ҳисобот доданд.
Ҳисоботи онҳо оид ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои камбизоат дар арафаи иди Қурбон, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои сол, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар масоил шунида шуд.
Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол таваҷҷӯҳи махсус ба масоили азхудкунии заминҳои нав, рушди бахшҳои картошкапарварӣ ва боғутокпарварӣ ва ба масъалаи таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳо баҳри рушди парвариши картошка ва боғу токзор боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Баҳри суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва истифодаи босамари заминҳои президентӣ низ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Қурғонтеппа оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, таъмини мактабҳо бо асбобу анҷоми хониш, пеш аз ҳама бо компютерҳо ва доир ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум супоришҳои қатъӣ дод.
Аз раисони ноҳияҳои Бохтару Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бештар оид ба ҷараёни кишти тирамоҳӣ, тоза кардани заминҳои пахта аз ғӯзапая ва шудгори онҳо, барқарорсозии гармхонаҳо ва рушди сабзавоткории барвақтӣ ҳисобот талаб намуд.
Ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои сол ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо супориш дод, ки дар арафаи иди Қурбон ба ятимону бепарасторон, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмак расонанд.