Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзодаро оид ба ҷараёни шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳӣ, ҳамчунин омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон шунид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба кишти баҳорӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техникаи зарурӣ, маводи сӯхту молиданӣ, тухмиҳои хушсифат ва ҳамчунин баҳри барқарор намудани боғоти мавҷуда ва бунёди боғу токзори нав, вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ва дигар корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.