Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Карлос Пинеруаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин институти бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо атрофи масоили рушди макроиқтисодии кишвари мо, ҳамгироии сохторҳои марбута бо муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ, ҳаллу фасли қарзҳои бахши пахтакорӣ, амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва андоз, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалии ҳисоби бухгалтерӣ ва дар ин замина оид ба омода кардани барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри ҳамкории мутақобилан судманд ва мусоидат ба татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуданд.