Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисобдории Федератсияи Россия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.
"Мо аз рушди пайвастаи ҳамгироиҳои Тоҷикистону Россия, ки ҳарчи бештар самту соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро фаро мегиранд, қаноатмандем", изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Оғози ҳамкориҳои мустақими Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Палатаи ҳисобдории Федератсияи Россия омили таҳкимбахши муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ маънидод гардид.
"Татбиқи амалии барномаю лоиҳаҳои иқтисодии калонҳаҷми Тоҷикистону Россия, ки нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 аз ҷумлаи онҳо аст, баҳри пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ҳамкории босамари сохторҳои мубориза бар зидди коррупсияи ду кишварро талаб мекунад", таъкид гардид дар вохӯрӣ.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.