Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Тсутому Хираока эътимоднома қабул намуд.
Дар вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тсутому Хираока, ки баъди маросими қабули эътимоднома баргузор гашт, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.
"Тоҷикистон рушди муносибатҳоро бо Япония муҳим мешуморад ва кӯшишҳои онро баҳри нақши намоён доштан дар минтақаи мо дастгирӣ мекунад", таъкид дошт зимни сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҷараёни ҳамкориҳои ду кишвар, ки асосан дар доираи гуфтугӯи "Япония-Осиёи Марказӣ" дар соҳаҳои обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ, муносибатҳои бонкӣ ва азнавсозии роҳҳои мошингард сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мусоҳибон ҳамзамон ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Японияро амри зарурӣ шумурда, соҳаи кишоварзӣ, сохтмони корхонаҳои муштараки маводи ғизоӣ, ресандагию бофандагӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ, маъданҳои кӯҳӣ ва махсусан соҳаи гидроэнергетикаро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ маънидод карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.