Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Гурӯҳи кории Иттиҳоди Аврупо оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Даря Бавдаз-Куретро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
"Тоҷикистон ба рушди пайвастаю босуръати муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва аъзои он манфиатдор аст", изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки мо барои таҳкиму густариши муносибатҳои Аврупою Осиёи Марказӣ саҳми арзандаи худро мегузорем.
Дар мулоқот атрофи ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, Барномаи идораи сарҳадот, ки бо номи БОМКА/КАДАП маъруф аст ва оид ба рушди ҳамгироиҳо дар соҳаи энергетика ва ташкил додани бозори минтақавии нерӯи барқ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Даря Бавдаз-Курет изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ба рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст ва кӯмакҳои зиёди худро дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар барномаҳо барои татбиқи ин ҳадаф равона месозад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳамчунин ба авзои кунунии Афғонистон, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъсири манфии ин кишвар ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба барқарорсозии баъдиҷангии иқтисодиёти он таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.