Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Евразия Таир Мансуров

18.11.2007 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Евразия Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи ин созмони минтақавӣ баррасӣ шуд.

"Мо дар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия умедҳои зиёд мебандем ва муътақидем, ки давлатҳои аъзои он маҳз тавассути муттаҳидсозии имконоти муштарак метавонанд рушди устувори иқтисодиро таъмин намуда, сатҳи зиндагии мардумони худро баланд бардоранд".

Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо баҳри фаъол намудани Иттиҳоди гумрукӣ, бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои иттиҳод ва консорсиуми обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани корҳо баҳри ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулгардида бояд аз ҷониби ҳамаи кишварҳои аъзои он баробар амалӣ шаванд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба масоили рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод андешаронӣ карда, изҳори умед доштанд, ки зимни ин ҳамоиш дар самтҳои мазкур пешравиҳои назаррас ба даст меоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520